Ба гузориши агентҳои хабарии «Абна», пойгоҳи Africa Intelligence хабар дод, ки сардорони нирӯҳои шомили «Вокуниши зуд» дар Судон ва дар сари онҳо Муҳаммад Ҳамдан Дақло маъруф ба Ҳамидтӣ аз замони оғози ҷанг дар ин кишвар тамосҳои худро бо режими сионистӣ нигоҳ дошта ва сафарҳое ба Тел-Авив анҷом додаанд.
Бар асоси ин гузориш, масъулони нирӯҳои шомили «Вокуниши зуд» дар майи соли 2025 ва феврали соли 2026 ба Тел-Авив сафар карда, то бо масъулони бахши Африқои Вазорати корҳои хориҷии режими сионистӣ ва афсарони хидмати ҷосусӣ ин режим дидор кунанд.
Дар ин гузориш омадааст, ки Абдурраҳим Ҳамдан Дақло, муовини Ҳамидтӣ ва Ал-Қунии бародараш дар ин сафарҳо ҳозир будаанд. Режими сионистӣ таҷҳизоти назорат ва дигар таҷҳизоти низомиро аз соли 2021 тавассути як канали марбут ба «Моссад» дар ихтиёри нирӯҳои шомили «Вокуниши зуд» дар Судон гузошта ва ҳамзамон муносибатҳои расмии худро бо ҳукумати ин кишвар тақвият бахшидааст.
Your Comment