Ба гузориши агентӣ хабарӣ «Абна», ҳуҷҷатҳои интишорёфта аз ҷониби расонаи амрикоии «The Intercept» нишон медиҳанд, ки ҳукумати Исроил дар рафти ҷанг бо Эрон аз ширкати «Meta» талаб кардааст, ки даҳҳо мундариҷаи интишорёфта дар Facebook ва Instagram, аз ҷумла матолиби ҷонибдори Эрон, мундариҷаи интиқодӣ нисбат ба Исроил ва тасвирҳои марбут ба ҳамлаҳои мушакии Эронро ҳазф кунад.
Мувофиқи гузориши рӯзномаи «The Intercept», дархостҳои режими сионистӣ ҳазфи постҳои ҷонибдори Эрон, матолиби зидди Исроил, тасвирҳо ва видеоҳои марбут ба осори ҳамлаҳои мушакии Эрон ва инчунин ҳисобҳои корбарии интишордиҳандаи таҳлилҳои низомиро дар бар мегирифтааст.
Ин ҳуҷҷатҳо инчунин нишон медиҳанд, ки ширкати «Meta» бо қисме аз ин дархостҳо мувофиқат карда ва баъзе аз мундариҷаҳои мавриди назарро ҳазф кардааст, ҳарчанд асоси ҳуқуқӣ ё меъёрҳои ин қарор дар ҳама мавридҳо ба таври шаффоф эълон нашудааст.
Дар қисмати дигари ин гузориш омадааст, ки яке аз мудирони Meta, ки қаблан бо Бинёмин Нетанёҳу, сарвазири Исроил, ҳамкорӣ доштааст, нақши миёнҷи миёни режими сионистӣ ва ин ширкатро барои пайгирии ҳазфи мундариҷа аз платформаҳои Facebook ва Instagram иҷро кардааст.
Расонаи амрикоии «The Intercept» тафсилоти бештар дар бораи шумораи дақиқи мундариҷаҳои ҳазфшуда ё вокуниши расмии ширкати Meta ба ин ҳуҷҷатҳо интишор надодааст.
Your Comment