Ба гузориши агентҳои хабарӣ «Абна», рӯзномаи Wall Street Journal ба нақл аз манобеъи огоҳ даъво кардааст, ки Сепаҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ тавассути миёнҷиёни қатарӣ паёми ҳушдориро ба тарафҳои ғарбӣ фиристодааст.
Мувофиқи ин гузориш, дар ин паём таъкид шудааст, ки агар кафолатҳо дар бораи татбиқи назорати инҳисории Эрон бар гулӯгоҳи Ҳурмуз пешниҳод нашаванд ва инчунин Амрико ва кишварҳои ғарбӣ аз нақшаҳои худ барои истифодаи масири ҷанубии гулӯгоҳ, дар наздикии соҳилҳои Умон, даст накашанд, Эрон бори дигар гулӯгоҳи Ҳурмузро хоҳад баст.
Your Comment