30 Июн 2026 - 11:06
Source: ABNA
Шикасти бузург барои Исроил; азнавсозии Ғазза бе халъи силоҳи Ҳамас анҷом дода мешавад

Як расонаи сионистӣ эълом кард, ки дар як паснишинии нав аз ҷониби Амрико, ин кишвар ба режими Исроил иттилоъ додааст, ки ҳатто бе халъи силоҳи Ҳамас, хоҳони оғози азнавсозии Ғазза аст.

Ба гузориши агентҳои хабарӣ «Абна» ба нақл аз пойгоҳи хабарӣ «Акко», созмони радио ва телевизиони режими сионистӣ (КАН) эълом кард, ки ҳукумати Амрико санаде дар бораи ояндаи ноҳияи Ғазза дар ихтиёри режими Исроил гузоштааст.

Бар асоси ин гузориш, ин санад интиқоли маблағҳои молии сохтори худидоракунии Фаластин ба номи «Шӯрои Сулҳ» - ро дар бар мегирад.

Инчунин ин санад оғози раванди азнавсозии Ғаззаро ҳатто бе халъи силоҳи Ҳамас дар бар мегирад.

То ба ҳол тафсилоти бештаре дар бораи ин санад интишор нашудааст ва мақомоти амрикоӣ ва сионистӣ низ ба ин гузориш вокуниш нишон надодаанд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha