Ба гузориши агентӣ хабарии «Абна», Вазорати умури хориҷаи Сурия дар изҳороте ҳамлаҳои охирини режими сионистиро ба вилоятҳои Қунейтра ва Даръо ба сахтӣ маҳкум кард ва онро вайронкунии ошкори ҳокимият ва тамомияти арзии ин кишвар донист.
Дар ин изҳорот омадааст, ки ҳамлаҳои тӯпхонаӣ ва таҷовузи низомиёни сионистӣ ба хоки Сурия, ғайр аз эҷоди тарсу ҳарос дар байни ғайринизомиён, бо қонунҳои байналмилалӣ, Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва Созишномаи ҷудосозии нерӯҳои соли 1974 мухолиф аст.
Вазорати умури хориҷаи Сурия таъкид кард: идомаи ин таҷовузҳо амният ва устувории минтақаро таҳдид мекунад ва ба ранҷи сокинони минтақаҳои марзӣ меафзояд.
Димишқ инчунин аз Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ки бо амал кардан ба масъулиятҳои худ, барои боздоштани таҷовузҳои такрории режими сионистӣ ва иҷрои пурраи Созишномаи ҷудосозии нерӯҳо чора андешанд.
Тибқи гузоришҳо, низомиёни режими сионистӣ рӯзи якшанбе бо вуруд ба деҳаи Абидин дар ғарби Даръо, ин минтақаро бо оташи чархболҳо ва тӯпхона ҳадаф қарор доданд, ки дар натиҷа ба хонаҳои истиқоматӣ хисороти расонида ва як қатор сокинон маҷбур ба тарки хонаҳои худ шуданд.
Your Comment