21 Июн 2026 - 11:52
Source: ABNA
Мавзӯи Исроил ва Ҳизбуллоҳ ба музокироти Эрону Амрико илова шуд

Яке аз расонаҳои Амрико даъво кард, ки мавзӯи нишасти фавқулодда оид ба Исроил ва Ҳизбуллоҳ ба дастурчаи музокироти Вашингтон ва Теҳрон илова шудааст.

Тибқи хабаргузории Абна, дипломате, ки номаш зикр нашудааст, ба шабакаи ABC News гуфт, ки баргузории нишасти фавқулодда оид ба таҳаввулоти марбут ба Исроил ва Ҳизбуллоҳ, дар дастури кори музокироти байни Эрону Амрико дар Швейтсария қарор гирифтааст .

То ҳол ҷузъиёти бештар дар бораи вақти баргузории ин нишасти фавқулодда, сатҳи иштироки тарафҳо ё меҳварҳои мавриди баҳс интишор нашудааст.

Ин хабар пас аз он мунташир мешавад, ки шабакаи CNN аз эъзоми Ҷей Дӣ Ванс, муовини раиси ҷумҳурии Амрико ба Швейтсария барои баргузории музокирот бо тарафҳои эронӣ хабар дод .

Аз ҷониби дигар, дафтари вазири нахусти Покистон эълом дошт, ки музокироти техникии тарафҳои эронӣ ва амрикоӣ имрӯз, якшанбе, дар Швейтсария ва бо иштироки вазири нахуст ва фармондеҳи артиши Покистон баргузор хоҳад шуд .

Your Comment

You are replying to: .
captcha