Ба гузориши агентӣ хабарии «Абна» ба нақл аз шабакаи «Ал-Ҷазира», як мақоми Кохи Сафед эълом кард, ки матни ёддошти тафоҳум миёни Эрон ва Амрико, ки қарор аст дар Швейтсария имзо шавад, дорои 14 банд аст ва нишасти пешрӯ дар ин кишвар, нақши таъинкунанда дар табдил додани ин ёддошти тафоҳум ба як созишномаи ҳамаҷониба хоҳад дошт.
Вай дар бораи ёддошти тафоҳуми Эрон ва Амрико гуфт, ки банди якуми ёддошти тафоҳум бар поёни фаврии амалиёти низомӣ дар ҳамаи ҷабҳаҳо, аз ҷумла Лубнон, таъкид дорад ва Амрико, Эрон ва иттифоқчиёни онҳо уҳдадор мешаванд, ки аз пас ягон амалиёти низомӣ бар зидди якдигар анҷом надиҳанд.
Ин мақоми Кохи Сафед, ки ба номаш ишора нашуд, дар идома гуфт: Ин ёддошти тафоҳум инчунин бар эҳтироми мутақобила ба ҳокимият ва тамомияти арзии ду кишвар ва дахолат накардан дар корҳои дохилии якдигар таъкид мекунад.
Тибқи муқаррароти ин созишнома, Теҳрон ва Вашингтон инчунин уҳдадор шудаанд, ки дар муддати 60 рӯз, бо имкони тамдид тавассути тавофуқи дуҷониба, дар бораи созишномаи ниҳоӣ музокирот кунанд.
Мақоми Кохи Сафед афзуд, ки Вашингтон инчунин уҳдадор шудааст, ки раванди рафъи муҳосираи баҳрии Эронро оғоз карда ва дар муддати 30 рӯз онро ба таври комил поён диҳад.
Ба гуфтаи ин мақоми амрикоӣ, «инчунин Эрон қарор аст бо ҳамоҳангии кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс ва дар гуфтугӯ бо Уммон дар бораи идораи трафик дар Тангаи Ҳурмуз машварат кунад».
Ин мақоми амрикоӣ афзуд: Бар асоси ин ёддошти тафоҳум, Амрико уҳдадор шудааст, ки бо ҳамкории шарикони минтақавии худ, нақшае барои бозсозии Эрон тадвин кунад.
Вай гуфт: Арзиши ин нақша 300 миллиард доллар эълон шуда ва механизми иҷроии он дар созишномаи ниҳоӣ муайян хоҳад шуд.
Ин мақоми амрикоӣ афзуд: Вашингтон инчунин уҳдадор шудааст, ки таҳримҳои Эронро бар асоси ҷадвали замонӣ ва дар доираи созишномаи ниҳоӣ бекор кунад.
Вай дар поён гуфт: Эрон низ таъкид кардааст, ки ба дунболи дастёбӣ ё тавсеаи силоҳи ҳастаӣ нахоҳад рафт.
Your Comment