Ба гузориши мухбири Абна ба нақл аз Спутник, Омери Бассот, вазири иқтисоди Лубнон, рӯзи гузашта таъкид кард, ки беҷо шудани мардуми Лубнон дар натиҷаи ҳамлаҳои режими сиёнию бори гарони иқтисодиро бар дӯши ин кишвар гузоштааст.
Вай илова кард, ки беҷо шудани шаҳрвандони лубнонӣ ҳар моҳ ҳадди аққал 90 миллион доллар хароҷот барои давлат дорад. Иқтисоди ин кишвар имрӯз дар натиҷаи ҷанг зарбаҳои сахтиро аз бар кардааст.
Ал-Бассот изҳор кард, ки вайронкуниҳои натиҷаи ҳамлаҳои режими сиёнию алайҳи минтақаҳои ҷанубии Лубнон зарарҳои ба қимати 20 миллиард долларро ба ҷой гузоштааст. Таъсироти манфии дигар монанди афзоиши бекорӣ ва пӯшидани ширкату корхонаҳо баромада аз ин ҳамлаҳо мебошад.
Вай тасреҳ кард, ки 28 дарсад аз бахши истеҳсолоти кишоварзӣ қатъ шуда ва бахши сайёҳӣ низ зарари 2 миллиард доллариро аз бар кардааст. Иқтисоди Лубнон ба нуқтаи сифр баргаштааст.
Your Comment