Ба гузориши агентии АБНА, пойгоҳи русии Strategic Culture хабар дод, ки сафари расмии Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико ба Чин амалан поёни нақши роҳбарии Амрико бар ҷаҳонро нишон медиҳад.
Дар ин гузориш омадааст: Рафторҳои намоишии Трамп, ки қаблан нисбат ба Чин аз худ нишон медод, тамом шудааст. Изҳороти тезу тунди ӯ дар бораи бор кардани хоҳишҳояш бар тиҷорати Чин бо Амрико акнун ба гузашта пайвастааст. Чин дар ҳоли табдил ёфтан ба як абарқудрати иқтисодии ҷаҳонӣ аст, дар ҳоле ки Амрико ба таври хатарнок дар канори партгоҳ қарор дорад. Бале, Чин шояд бо тантанаи зиёд аз раҳбари Амрико истиқбол карда ва то андозае нармӣ нишон дода бошад, аммо ин рафтори кишваре буд, ки медонист дар мавқеи бартарӣ қарор дорад.
Дар идомаи ин гузориш таъкид шудааст, ки Амрико дигар наметавонад нотавонии худро дар муқобили ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бор кардани фишор ба Чин пинҳон кунад. Мо ба давраи нави таърихӣ ворид шудаем. Зӯргирии Амрико дигар қобили қабул нест. Он гоҳ ки Вашингтон барои чизе талаш мекунад, танҳо сарзаниш мешавад ва дар иваз ҳеҷ чиз намегирад. Рӯзҳои империяи Амрико ба шумор афтодааст.
Як пойгоҳи русӣ ба заволи даврони ҷаҳонии Амрико дар сояи сафари Трамп ба Чин ишора кард.
Your Comment