Ба гузориши агентии АБНА ба нақл аз Риа Новости, чаҳор ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид (ФАО, ОЧА, ЮНИСЕФ ва Барномаи Ҷаҳонии Ғизо) дар бораи бӯҳрони ноамнии ғизоӣ дар Сомалӣ, ки бо суръат дар ҳоли авҷ гирифтан аст, ҳушдор доданд.
Чаҳор ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид (ФАО, ОЧА, ЮНИСЕФ ва Барномаи Ҷаҳонии Ғизо) вазъи Сомалиро ҳамчун яке аз бадтарин бӯҳронҳои суиғизоӣ дар ҷаҳон тавсиф карданд, ки наздики 1.9 миллион кӯдакро зери таъсир қарор додааст.
Сомалӣ аз ҷумлаи кишварҳои дар ҷаҳон аст, ки даргири ҷанги шаҳрвандӣ ва қаҳтии шадид мебошад. Ин чандин бор аст, ки ниҳодҳои байналмилалӣ ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башар дар бораи вазъияти бади инсонӣ дар ин минтақа ҳушдор медиҳанд.
Ниҳодҳои гуногуни Созмони Милали Муттаҳид дар бораи авҷ гирифтани ноамнии ғизоӣ дар Сомалӣ ҳушдор доданд.
Your Comment