Ба гузориши агентии АБНА ба нақл аз Ал-Ҷазира, артиши режими сионистӣ иқрор кард, ки аз оғози созишномаҳои марбут ба оташбас то ҳол нерӯи ҳавоии режим зиёда аз 1100 нутқро дар Лубнон ҳадаф қарор додааст.
Артиши ишғолгари сионистӣ даъво кард, ки ин нуқтаҳо ба инфрасохтори Ҳизбуллоҳ тааллуқ доштааст. Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси гузоришҳои расмии нашршуда дар Лубнон ҳамлаҳои режими сионистӣ марказҳои табобатӣ, мошинҳои ёрии таъҷилӣ, рӯзноманигорон ва кадрҳои тиббиро низ ҳадаф қарор додааст.
Вазорати тандурустии Лубнон рӯзи душанбе эълом кард, ки шумори шаҳидони ин кишвар дар пайи ҳамлаҳои режими сионистӣ аз 2 марти соли ҷорӣ ба 2869 нафар афзоиш ёфт.
Ин дар ҳоле аст, ки аз таърихи мазкур то ҳол 8730 нафар низ маҷрӯҳ шудаанд.
Артиши режими сионистӣ ба анҷом додани садҳо ҳамла алайҳи Лубнон дар давраи ба ном оташбас иқрор кард.
Your Comment