20 Декабр 2025 - 10:04
Source: ABNA
Гутерриш: Ҳамлаҳои исроилиҳо алайҳи Канораи Бохтар маҳкум аст

Дабири кулли Созмони Милал бо маҳкум кардани ҳамлаҳои хушунатомези шаҳракнишинони саҳюнист алайҳи Канораи Бохтар, хостори беҳбуди авзои сокинони Навори Ғазза низ шуд.

Ба гузориши хабаргузории ABNA ба нақл аз "Мао", Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милал эълом кард, ки афзоиши ҳамлаҳои шаҳракнишинони саҳюнист алайҳи сокинони Канораи Бохтар, ишғоли заминҳои онҳо ва тахриби хонаҳояшон маҳкум аст.

Вай илова кард, ки бояд аз қавонини байналмилалӣ дар хусуси ҳимоят аз ҳуқуқи башар дар саросари Фаластини ишғолӣ, бавижа Қудси Шарқӣ муҳофизат кард.

Гутерриш дар хусуси Навори Ғазза низ гуфт, ки режими саҳюнистӣ вазифадор аст раванди вуруди кумакҳои башардӯстонаро ба ин минтақа осон кунад. Вай ҳамчунин ба нақши муҳиме, ки нерӯҳои вобаста ба Созмони Милал дар Ғазза ва дигар минтақаҳо иҷро мекунанд, ишора кард.

Дабири кулли Созмони Милал хостори поён ёфтани дардҳо ва ранҷҳои тӯлонимуддате шуд, ки бар фаластиниҳо таҳмил шудааст ва тасреҳ кард, ки онҳо ба умед ниёз доранд ва бояд ба самти иҷрои роҳкори "ду давлат" ҳаракат кард.

Your Comment

You are replying to: .
captcha