15 Декабр 2025 - 13:12
Source: ABNA
Расонаи саҳюнистӣ: Давлати Трамп нигарони фурӯпошии режими Ҷӯлонӣ аст

Як расонаи саҳюнистӣ ба нигаронии давлати Амрико нисбат ба фурӯпошии режими Ҷӯлонӣ дар Сурия ишора кард.

Ба гузориши хабаргузории Абно, сайти саҳюнистии i24NEWS гузориш дод, ки давлати Амрико Абумуҳаммад Ал-Ҷӯлонӣ, раисҷумҳури худхондаи Сурияро ҳампаймони худ медонад ва талош дорад монеи тазъифи ҳокимияти вай дар Сурия шавад.

Дар идомаи ин гузориш омадааст, қарор аст Том Баррак, фиристодаи Трамп, имрӯз вориди ароизии ишғолӣ шавад то бо Нетаняҳу ва масъулони саҳюнистии дигар дар хусуси масоили мухталиф, ба вижа Сурия ва хатҳои сурхи Вошингтон дар ин замина, сӯҳбат кунад.

Дар ин гузориш таъкид шудааст, давлати Амрико нигарони он аст, ки ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ алайҳи Сурия боиси фурӯпошии режими Ҷӯлонӣ шавад ва мекӯшад як тавофуқи амниятӣ миёни Димишқ ва Тел-Авив имзо шавад.

Пештар низ Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, гуфта буд, ки барқарории гуфтугӯҳои воқеӣ бо Сурия аз сӯи режими саҳюнистӣ муҳим аст.

Лозим ба зикр аст, ки аз замони барандозии низоми Башшор Асад дар Сурия то кунун на даргириҳои дохилӣ ва танишҳои мусаллаҳона дар ин кишвар мутаваққиф шуда ва на ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ алайҳи манотиқи мухталифи Сурия ба поён расидааст. Трамп низ ба Ал-Ҷӯлонӣ ба унвони беҳтарин гузина барои таҳаққуқи аҳдофи Амрико дар Сурия, ба вижа ғорати манобеи газию нафтии ин кишвар нигоҳ мекунад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha