Ба гузориши хабаргузории Абно, рӯзномаи Ал-Ахбор, ниҳоди расонаии наздик ба Ҳизбуллоҳи Лубнон, эълом кард, ки дар чаҳорчӯби эҷоди тағйирот дар баданаи созмонии Ҳизбуллоҳ пас аз ҷанги ахир, Шӯрои Раҳбарии Ҳизбуллоҳ, ки болотарин маҷмаъ дар тасмимгириҳои ҳизб аст, тасвибномаеро барои ташкили як идораи ҷадид ба манзури мудирияти парвандаи расонаӣ дар Ҳизбуллоҳ тасвиб кард.
Бар асоси ин тасвибнома, ки чанд рӯз пеш ба иттилои масъулони марбута расидааст, ҳайате ба раёсати Иброҳим Ал-Мусавӣ, намояндаи Парлумони Лубнон, ташкил мешавад, ки аъзои он шомили намояндагоне аз тамоми ниҳодҳои расонаии Ҳизбуллоҳ, аз ҷумла радио, телевизион, расонаҳои электроник ва воҳиди робитаҳои умумии Ҳизбуллоҳ мебошад.
Бар асоси иттилооти мавҷуд, идораи мазкур мустақиман зери назари Шайх Наим Қосим, Дабири кулли Ҳизбуллоҳ аст ва то замоне ки тасмими баъдӣ дар мавриди боқӣ мондани он дар ин чаҳорчӯб ё табдили он ба як Шӯрои марказии ҷадид иттихоз шавад, ин раванд идома хоҳад дошт.
Яке дигар аз тасмимоти Шӯрои Раҳбарии Ҳизбуллоҳ, эътои ихтиёроти густурда ба ин ҳайат барои бозсозӣ ва чабуксозии ниҳодҳои расонаӣ ва тадвини стратегияи ҷадид барои таомули расонаӣ дар дохил ва хориҷ аз кишвар буд. Бар асоси ин тасвибнома, масъулони ниҳодҳои расонаӣ бояд дар ҳамон замина тахассус дошта бошад ва аз интихоби раҳбарон аз бахшҳои дигар дар ин арса худдорӣ шавад.
Your Comment