Ба гузориши хабаргузории АБНА ба нақл аз "Русия Ал-Явм", Николас Мадуро, раиси ҷумҳури Венесуэла, дар ҷамъи тарафдорони худ дар Каракас таъкид кард, ки ин кишвар омода аст, агар лозим бошад, "дандонҳои императории Амрикои Шимолиро бишиканад."
Вай афзуд, ки ҳизби ҳоким дар Венесуэла танҳо қудратест, ки метавонад сулҳу суботро дар ин кишвар таъмин кунад.
Ин суханони Мадуро ҳамзамон бо иқдоми ғайриқонунии Амрико дар хусуси тавқифи як нафткаш дар наздикии соҳилҳои Венесуэла матраҳ шуд.
Мадуро дар суханони дигаре низ гуфт: "Марҳалаи кунунӣ марҳалаи тардид ва тарс нест, балки замони шаҷоат ва набард аст." Вай ҳамчунин бар нақши сокинони рустоҳо ва ҷунбиши мардумӣ дар муқобила бо фишорҳои хориҷӣ таъкид кард ва гуфт, ки онҳо барои дифоъ аз кишвар дар баробари ҳар императории таҷовузгар силоҳ бар медоранд.
Your Comment