Ба гузориши хабаргузории АБНА ба нақл аз рӯзномаи "Исраил Ҳайом", тасмими Додгоҳи олии режими саҳюнистӣ мабнӣ бар мутаваққиф кардани имтиёзҳои эътошуда аз сӯи раиси ситоди артиши ин режим боиси ташдиди бӯҳрони дохилӣ дар артиш шудааст.
Бар асоси ин гузориш, наздик ба 600 афсар ва дараҷадор дар артиши режими саҳюнистӣ бо ин тасмими Додгоҳи олӣ аз тарси аз даст додани имтиёзҳояшон истеъфои фаврии худро тақдим кардаанд.
Дар ин гузориш омадааст, қарор аст Бинёмин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ, имрӯз як нишасти вижа барои баррасии ин бӯҳрон баргузор кунад. Фармондеҳони артиши режими саҳюнистӣ дар баҳбуҳаи ҷанг вориди ин мавзӯъ нашуданд, аммо баъд аз тасмими Додгоҳи олӣ, бисёре аз низомиёни саҳюнист хашмгин шуда ва эълом карданд, ки дар хусуси боқӣ мондан дар артиш таҷдиди назар мекунанд.
Бисёре аз низомиёни саҳюнист аз шароити молии худ дар артиши ин режим норозӣ ҳастанд ва тайи солҳои гузашта ба имтиёзҳое, ки аз сӯи раиси ситод эъто мешуд, дил хуш карда буданд.
Your Comment