17 Ноябр 2025 - 20:22
Source: ABNA
Чаро ҲАМОС ва гуруҳҳои муқовимати фаластинӣ бо қатъномаи пешниҳодии Амрико мухолифанд?

Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) дар баёнияе аз судури ёддоште аз сӯи гуруҳҳо ва неруҳои фаластинӣ дар хусуси пешнависи қатъномаи Амрико дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал хабар дод ва таъкид кард, ки онҳо дар ин ёддошт ба сурати қотеъ мухолифати худро бо қатъномаи пешниҳодии Амрико эълом кардаанд.

Ҳамос дар баёнияи худ таъкид кард, гуруҳҳо ва неруҳои фаластинӣ ёддоште сиёсӣ содир карданд, ки дар он нисбат ба хатароти пешнависи қатъномаи Амрико барои тасвиб дар Шӯрои Амният ҳушдор дода шудааст. Ба вижа эҷоди як неруи байналмилалӣ дар борикаи Ғазза, ки талоше барои таҳмили сарпарастии байналмилалӣ ба Ғазза ва иҷрои рӯйкарди ҷонибдорона барои ишғолгарон аст.

Қарор аст Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид имрӯз - душанбе (17 ноябр) дар бораи пешнависи қатъномае ки аз тарҳи Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико барои Ғазза ҳимоят мекунад, раъйгирӣ кунад. Дар ин тарҳи амрикоӣ “аз эҷоди шӯрои сулҳ” истиқбол шудааст, ки ин шӯро наҳоде интиқолӣ барои идораи Ғазза аст. Қарор аст маъмурияти ин шӯро, ки таҳти назари Трамп қарор дорад то поёни соли 2027 идома ёбад.

Ҳамос ва гуруҳҳои муқовимати фаластинӣ бо қатъномаи пешниҳодии Амрико мухолифанд, зеро ин кишвар ҳамвора дар канори режими саҳюнистӣ будаву тарҳҳояш на дар ҷиҳати ҳимоят аз ҳуқуқи фаластиниҳо, балки бештар дар ростои тасбити ишғолгарӣ аст. Ба ҳамин далел ҳар гуна тарҳи амрикоӣ барои идораи Ғазза бо беэътимодӣ мувоҷеҳ мешавад.

Дар иттилоияи Ҳамос омадааст, ки ҳар гуна баҳс дар бораи силоҳи муқовимат мавзӯи миллӣ ва дохилӣ аст ва набояд таҳти фишори хориҷӣ қарор гирад. Гуруҳҳои муқовимати фаластинӣ таъкид доранд, ки ҳаққи муқовимату дифоъ аз худ ҳаққе собиту машруъ бар асоси қавонини байналмилалӣ аст.

Пешнависи Амрико шомили эҷоди як неруи байналмилалӣ ё ниҳоде интиқолӣ барои идораи Ғазза то соли 2027 аст. Ҳамос ин иқдомро “таҳмили сарпарастии байналмилалӣ” медонад, ки ҳаққи фаластиниҳо барои идораи умури худро тазъиф мекунад. Онҳо муътақиданд, Ғазза набояд таҳти раёсати Амрико ё ниҳодҳои вобаста ба Ғарб бошад, балки ин борика бояд бо мушорикати ниҳодҳои фаластинӣ ва дар чорчӯби тарҳҳои арабӣ – исломӣ идора шавад.

Ҳамос ҳушдор додааст, ки тарҳи Амрико амалан ба суди режими саҳюнистӣ аст ва метавонад раванди бозсозӣ ва кумакҳои башардӯстонаро ба абзори фишору боҷгирӣ табдил кунад. Ҳамчунин ин тарҳ метавонад нақши ниҳодҳое монанди Ожонси имдодрасонӣ ба оворагони фаластиниро тазъиф кунад.

Ҳамос ҳамчунин эълом кардааст, ки ҷойгузини воқеии қатъномаи пешниҳодии Трамп бояд қатъномае илзомовар барои тақвияти оташбас ва ҷилавгирӣ аз таҷовузоти режими саҳюнистӣ дар Ғазза, Каронаи Бохтарӣ ва Қудс бошад. Гуруҳҳои муқовимати фаластинӣ муътақиданд, пешнависи Амрико ҳеҷ кумаке ба суботи авзои инсонӣ ва амниятӣ дар Ғазза намекунад.

Муқовимати фаластинӣ идораи Ғаззаро ҳаққи миллати Фаластин медонанд ва бо ҳар гуна дахолати хориҷӣ мухолифат мекунанд. Аҳдофи Амрико ва режими саҳюнистӣ дар ин қатъномаи пешниҳодӣ бо ҳадафи маҳдуд кардани тавони низомиву сиёсии гуруҳҳои муқовимат, тазъифи нақши ниҳодҳои фаластинӣ ва тасбити ишғолгарӣ тарроҳӣ шудааст.

Мухолифати Ҳамосу гуруҳҳои муқовимати фаластинӣ бо қатъномаи пешниҳодии Амрико дар Шӯрои Амниятро метавон дар чорчӯби беэътимодии таърихӣ ба сиёсатҳои Вашингтон ва ҷонибдории ошкори Амрико аз режими саҳюнистӣ таҳлил кард. Ин гуруҳҳо муътақиданд, ки тарҳҳои Амрико на дар ростои ҳимоят аз ҳуқуқи миллати Фаластин, балки дар ҷиҳати тасбити ишғолгарӣ ва маҳдуд кардани муқовимат тарроҳӣ мешаванд.

Ҳамосу дигар неруҳои фаластинӣ бар зарурати судури қатъномае таъкид доранд, ки оташбаси воқеӣ, поёни таҷовузоти режими саҳюнистӣ ва тазмини ҳуқуқи миллии фаластиниҳоро дар авлавият қарор диҳад. Бинобарин мухолифати онҳо на сирфан вокунишии сиёсӣ, балки бахше аз роҳбурди густардатар барои ҳифзи истиқлоли тасмимгирии фаластинӣ ва ҷилавгирӣ аз дахолати хориҷӣ дар идораи Ғазза аст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha