Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз Ройтерз, Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо эълом кард, ки вазирони энержии ин блок аз пешниҳоди ҳазфи тадриҷии воридоти нафт ва гази Русия ба ин иттиҳодия то январи соли 2028 пуштибонӣ карданд.
Вазирони аврупоӣ дар нишасте дар Луксембург, барномаҳоеро тасвиб карданд, ки тибқи он, қарордодҳои ҷадиди воридоти гази Русия аз январи соли 2026, қарордодҳои кӯтоҳмуддати ҷорӣ аз июни соли 2026 ва қарордодҳои дарозмуддат дар январи соли 2028 лағв хоҳанд шуд.
Ин қонун ҳанӯз ниҳоӣ нест ва кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо бояд бар сари қавонини ниҳоӣ бо Парлумони Аврупо, ки ҳанӯз дар ҳоли баҳс дар бораи мавқеи худ аст, музокира кунанд.
Иттиҳодияи Аврупо қасд дорад то бо ҳадафи маҳрум кардани Кремл аз даромадҳои ҳосил аз фурӯши энержӣ барои таъмини молии ҷанги Укроин, воридоти энержии Русияро ҳазф кунад.
Русия дар ҳоли ҳозир 12 дарсад аз воридоти гази Иттиҳодияи Аврупоро таъмин мекунад. Ин рақам пеш аз ҳамлаи Русия ба Укроин дар феврали соли 2022, ҳудуди 45 дарсад буд. Маҷористон, Фаронса ва Белгия аз ҷумла кишварҳое ҳастанд, ки ҳамчунон гази Русияро дарёфт мекунанд.
Кумиссиюни Аврупо ин пешниҳодҳоро тавре тарроҳӣ карда, ки бо вуҷуди мухолифати қаблии Маҷористон ва Словакия (ду кишваре, ки ҳанӯз нафти Русияро ворид мекунанд), қобили тасвиб бошад.
Your Comment