Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз хабаргузории Ал-Ҷазира, Педро Санчес, нахуствазири Испониё, имрӯз душанбе эълом кард: "Мо хоҳони идомаи оташбас ва ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Ғазза ҳастем."
Нахуствазири Испониё дар ин хусус идома дод: "Мо бар аҳаммияти ҳаракат ба самти як роҳи ҳалли мусолиматомез байни Исроил ва Фаластин таъкид мекунем."
Лозим ба зикр аст, ки Педро Санчес, нахуствазири Испониё, дар тозатарин мавозеъи худ бар лузуми пайгирии ҷиноёти суратгирифта (аз сӯи режими сӣюнистӣ) дар ҷараёни наслкушии Ғазза таъкид кардааст.
Ин дар ҳолест, ки режими сӣюнистӣ ба баҳонаҳои мухталиф дирӯз дасти кам 100 нуқтаро дар Навори Ғазза бомбборон кард.
Авихай Адръӣ, сухангӯи артиши режими сӣюнистӣ, низ иддаъо кард, ки баъд аз ҳамлаҳои мазкур низомиёни ин режим муҷаддадан оташбасро иҷро мекунанд. Ҳамчунин рӯзномаи сӣюнистии «Исроил Ҳиём» иддаъо кард, ки қарор шуд раванди вуруди кумакҳои инсонӣ ба Навори Ғазза аз имрӯз муҷаддадан оғоз шавад.
Your Comment