5 Октябр 2025 - 21:55
Source: Parstoday
Вазири умури хориҷаи Эрон: Тавофуқи Қоҳира, дигар эътибор надорад

Вазири умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар инки тавофуқи Қоҳира, дигар эътибор надорад, иқдоми Амрико ва се кишвари аврупоиро барои бозгардондани таҳримҳои поёнёфтаи Шӯрои амният зидди Эрон, ғайриқонӯнӣ донист.

Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи сешанбе дар нишасти муштарак бо сафирон, кордорону раисони намояндагиҳои хориҷӣ ва байналмилалии муқими Теҳрон таъкид кард: Ҷумҳурии исломии Эрон, азсаргирии ин таҳримҳои шӯроиро ғайриқонӯнӣ медонад.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, дар нишасти муштараки раиси дастгоҳи сиёсати хориҷии Эрон бо сафирони хориҷии муқими Теҳрон, тозатарин рӯйдодҳои минтақа, пушти дарҳои баста, баррасӣ шуд.

Табйини рӯйкардҳои Эрон пас аз иқдоми ғайриқонӯнии Амрико ва се кишвари аврупоӣ барои бозгардондани таҳримҳои Шӯрои амният, муҳимтарин дастури кори ин нишаст буд.

Вай ҳамчунин пас аз нишасти муштарак бо сафирон, кордорону раисони намояндагиҳои хориҷӣ ва байналмилалии муқими Теҳрон дар ҷамъи хабарнигорон таъкид кард: “Иснапбак” ҳамаи шароити пешинро иваз мекунаду тавофуқи Қоҳира, дигар эътибор надорад; Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳар роҳи мумкинро барои ҳалу фасли мавзӯ аз тариқи музокира, озмуд ва ҳолои ғарбиҳо ҳеҷ далели муваҷҷаҳе барои истифода аз иснапбак, надоранд.

Ироқчӣ гуфт: Таҷриба, собит кардааст, ки ҳеҷ роҳи ҳалле ҷуз роҳкори дипломатӣ барои ҳали масаълаи ҳастаии Эрон вуҷӯд надорад.

Раиси дастгоҳи сиёсати хориҷии Эрон тасреҳ кард: Ҳамонтавр, ки ҳамлаи низомӣ роҳи ҳалли масаълаи ҳастаии Эрон набуда, иснапбак ҳам дар ин хусӯс ҳеҷ дастоварӣ надорад.

Ироқчӣ бо баёни ин ки дипломасӣ ҳамвора вуҷӯд дорад, тасреҳ кард: Аврупо, нақши худро дар музокирот бо Эрон аз даст дода ва камранг кардааст.

Вай афзуд, агар онҳо (Амрико ва Аврупо) бо ҳусни ният ҷилав биёянд, метавон ба натиҷаи музокира, умедвор буд, бавижа дар шароити кунунӣ ва бозгашти таҳримҳои Шӯрои амният, ки авзоъ душвортар шудааст.

Раиси дастгоҳи сиёсати хориҷии Эрон гуфт: Дар таҷовузи низомии Амрико ва режими ишғолгар ба Эрон ҳамаи кишварҳо бо Ҷумҳурии исломӣ, эъломи ҳамбастагӣ карданд, чун Эрон бозигаре хирадманд буд, акнӯн ҳам, иттифоқи мушобеҳе афтода ва Эрон ба унвони бозигари мантиқӣ дар дунё шинохта мешавад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha