8 Сентябр 2025 - 13:25
Source: ABNA
Назари «Трамп» дар бораи ҳамлаи эҳтимолии Амрико ба Венесуэла

Раисҷумҳури Амрико дар посух ба суоли хабарнигоре дар мавриди ҳамлаи эҳтимолии кишвараш ба Венесуэла гуфт: "Баъдтар хоҳед фаҳмид."

Ба гузориши хабаргузории "Абна" ба нақл аз "Фокс Нюз", Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, имрӯз дар мавриди ҳамлаи эҳтимолии кишвараш ба Венесуэла мавзеъгирӣ кард.

Раисҷумҳури Амрико дар ин хусус бо худдорӣ аз посухи шаффоф ба хабарнигорон, ба ҷумлаи такрории худ иктифо кард.

Трамп дар посух ба суоле пиромуни ин ки оё қасди ҳамла ба Венесуэларо дорад, гуфт: "Баъдтар хоҳед фаҳмид."

Николас Мадуро, раисҷумҳури Венесуэла, ахиран таъкид карда буд, ки кишвараш дар сурате, ки мавриди ҳамла қарор гирад, ба "муборизаи мусаллаҳона" иқдом хоҳад кард.

Раисҷумҳури Венесуэла гуфта буд, дар ҳоле ки Венесуэла "ҳанӯз дар марҳалаи муборизаи ғайримусаллаҳона" аст, ҳар ҳамлае боиси вокуниши "кулли мардум алайҳи таҷовуз, чӣ маҳаллӣ, минтақаӣ ё миллӣ" хоҳад шуд.

Ӯ дар суханони худ афзуда буд: "Ҳеҷ кокаине дар Венесуэла тавлид намешавад, ин дурӯғи амрикоӣ аст, монанди дурӯғе, ки гуфтанд Ироқ силоҳи куштори ҷамъӣ дорад (ва ба ин баҳона ба Ироқ ҳамла карданд). Дар мавриди Каракас ҳам дурӯғ мегӯянд."

Ин дар ҳолест, ки ӯ пештар эълом карда буд, ки дар вокуниш ба ташдиди танишҳо миёни ин кишвар ва Амрико дар пайи афзоиши ҳузури низомии Вошингтон дар дарёи Кариб, барои беш аз 8 миллион нафар аз шаҳрвандони ин кишвар дар қолаби "низомиёни миллии боливарӣ" фарохон дода шудааст.

Пештар ва дар пайи ташдиди танишҳо байни Амрико ва Венесуэла пас аз истқрори нерӯҳои амрикоӣ дар соҳилҳои Кариб ба баҳонаи мубориза бо картелли маводи мухаддири Венесуэлаӣ, ду фарванд ҷангандаи F-16-и ин кишвар бар фарози як киштии ҷангии нерӯи дарёии Амрико ба парвоз даромаданд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha