Бино ба гузориши хабаргузории "Абна", Масъуд Пезишкиён, раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон, шоми якшанбеи 7-уми сентябри соли 2025, дар дидор бо Сайид Аммари Ҳаким, раҳбари ҷараёни "Ҳикмати миллии Ироқ", равобити байни ду миллат ва ду кишвар, Эрон ва Ироқро дар сояи пайвандҳои динӣ ва фарҳангӣ амиқ ва решадор тавсиф кард ва таъкид намуд, ки марзҳои ҷуғрофӣ ҳаргиз тавони ҷудоии ин ду миллати бародарро надоранд.
Раисҷумҳур дар идома зимни табрики зодрӯзи Набийи гиромии Ислом ва Имом Содиқ (р) ва фаро расидани Ҳафтаи Ваҳдат, бар зарурати ҳамбастагии кишварҳои исломӣ таъкид кард ва изҳор дошт: "Бар ин боварем, ки иттиҳод ва ҳамкории мустамар байни кишварҳои исломӣ дар тамоми арсаҳо, на танҳо заминасози рушд ва пешрафт хоҳад шуд, балки ҳеҷ қудрате қодир ба таҳрим ё шикасти мо нахоҳад буд."
Пезишкиён зарурати муроқибат ва парҳез аз барангехтани масоили тафриқаангез дар уммати исломиро амри ҳаётӣ ва ғайри қобили инкор унвон кард ва афзуд: "Душманони уммати исломӣ бо тарҳи мавзӯъоти тафриқаангез дар садади эҷоди шикоф ва ихтилоф байни мусалмонон ҳастанд то аҳдофи шуми худро пеш баранд, бинобар ин, бояд нисбат ба ин тавтеаҳо бисёр ҳушёрона амал кард."
Раисҷумҳур дар идома ислоҳ ва таҳкими равобит байни тамоми кишварҳои исломиро зомини рушд ва балондагии ҷомеаи мусалмонон донист ва тасреҳ кард: "Имрӯз режими саҳюнистӣ абзори Амрико ва ҳампаймононаш дар ҷиноят, эҷоди тафриқа ва ғорати манобеи кишварҳои исломӣ ва душмани муштараки уммати исломӣ аст, ки дар сурати ваҳдат ва ҳамбастагии уммати исломӣ, ин режими ғосиб ҳеҷ тавоне дар баробари азамати уммати воҳида нахоҳад дошт."
Пезишкиён ҳамчунин истодагии мардуми мазлуми Ғазза ва муқовимати ҷонбахши миллати бузурги Эрон дар ҳодисаҳои ахирро нишонаи барҷастаи устувории иттиҳод, ҳамдилӣ ва якпорчагӣ баршумурд, ки ҳеҷ қудрати низомӣ, аз ҷумла ҷанганда, бомб ва мушак қодир ба шикасти он нест.
Раисҷумҳур дар бахши дигари ин дидор, бо ишора ба интихоботи сарнавиштсози пеши рӯ дар Ироқ, ҳифзи ваҳдат ва якпорчагии сиёсӣ, фориғ аз гароишҳои қавмӣ ва мазҳабӣ, сабаби қудрат афзоии Ироқ ва дар ниҳоят эътилои уммати исломӣ унвон кард ва гуфт: "Мо тамоми гурӯҳҳои сиёсии Ироқ, ҳам шиа ва ҳам сунниро, бародарони худ медонем ва ҳамеша хоҳони тақвияти ҳокимияти воҳид ва иззатмандии миллати Ироқ будаем."
Пезишкиён ҳамчунин бар рушд ва таҳкими ҳамаҷонибаи равобити Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Ироқ дар тамоми заминаҳо таъкид кард.
Сайид Аммари Ҳаким, раҳбари ҷараёни "Ҳикмати миллии Ироқ", низ дар ин дидор зимни ибрози хушҳолӣ аз дидор бо доктор Пезишкиён, аз шаҳоматҳои миллати Эрон дар ҷараёни ҷанги 12-рӯзаи ахир бо режими саҳюнистӣ тамҷид кард ва гуфт: "Миллати Эрон дар ин набард бо дурахшиши беназир, на танҳо таҳсини миллатҳои исломӣ, балки ҳамаи миллатҳои озоди ҷаҳонро барангехт."
Раҳбари ҷараёни "Ҳикмати миллии Ироқ" ҳузури муқтадиронаи Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар фармондеҳии майдони набард, ҳузури масъулони олирутба, аз ҷумла доктор Пезишкиён дар миёни мардум, иқтидори нерӯҳои мусаллаҳ ва инсиҷоми мисолзадании миллати Эронро аз шохисаҳои барҷастаи ин ҷанги 12-рӯза бо режими саҳюнистӣ баршумурд ва афзуд: "Ҷумҳурии Исломии Эрон иззат ва иқтидорро барои кулли уммати исломӣ ба армуғон овард ва ҷойгоҳи миллати Эронро дар миёни миллатҳои мусалмон эътило бахшидааст."
Your Comment