3 Сентябр 2025 - 23:51
Source: Parstoday
Таҳлилгари Араб: Фиқдони виҷдон, асоси кури ахлоқии режими саҳюнистӣ аст

Порс тудей-Як таҳлилгари Араб «бетафовутии сохторӣ» дар байни саҳюнистҳоро нисбат ба ранҷи фаластиниён, падидаи кури ахлоқӣ хонд.

Хонаводаҳои асирони саҳюнист дар борикаи Ғазза, дар ҳафтаи азхр якбори дигар дар Тел-Авив тазоҳурот карда ва хостори озодии онҳо шудаанд. Муътаризони исроилӣ дар тазоҳуроти худ бо сар додани шиорҳое, хостогри поёни ҷанг дар Ғазза ва дастёбӣ ба тавофуқоти табодули фарогири асирон бо муқовимати Фаластин шуданд. Ба гуфтаи коршиносони сиёси тазоҳуроти саҳюнистҳоро набояд нишонаи ҳамдардии онон бо мардуми Ғазза донист агарчӣ онҳо низ хостори поён ёфтани ҷанг дар Ғазза ҳастанд. Аммо ин дархост фақат як далел дорад  ва он нигаронии исроилиҳо дар бораи сарнавишти асирони саҳюнистии дар банди Ҳамос аст. Ба гузориши Порс тудей Муҳаммад Ал-Сенусси таҳлилгари барҷастаи масоили байналмиллалӣ бо ташреҳи решаҳои  идиолужик ва равоншинохтӣ   «бетафовутии сохторӣ» саҳюнисҳо нисбат ба ранҷи фаластиниён, ин падидаро «кури ахлоқӣ » хонд.

« Ал Сенусси » , устоди мутолиъоти ояндапажӯҳ ва умӯри байналмилал дар донишгоҳи Муҳаммад Панҷум Муғриб , дар мақолае таҳлилӣ ки дар торнамоӣ « Алҷазира » мунташир шуд , истидлол кард ки саҳюнизм танҳо як ҷунбиши миллӣ ба маънои суннатии он нест , балки як идеологияи қавмӣ - сиёсӣ аст ки яҳӯдиятро дар қарни бистум бозтаъриф карда ва барои он « ҳақи инҳисорӣ » бар сарзамини Фаластини қоил шудааст .

Ба навиштаи вай , ин чорчӯб ба далели доштани буъдӣ « истиъморӣ - тардкунанда » ки бар нафъм « Фаластин » устувораст , боис шуда амнияти миллии Исроил мутародиф бо « амнияти вуҷӯди яҳӯдӣ » шавад ва зиндагии як фаластинӣ танҳо ба унвони як « хатари амниятӣ » ё « ҷузъи изофӣ » дида шавад .

« Ал-Сенусси » бо ишора ба қонӯни « давлат - миллати яҳуд » ки дар соли 2018 милодӣ ба тасвиб расид , навишт ки ин қонӯн ба сароҳат ҳақи таъйини сарнавишти миллиро як « имтиёзи маҳзи яҳӯдӣ » эълом карда ва забони арабиро ба ҷойгоҳӣ « поинтар » таназзул дод . Ба гуфтаи ӯ , дар ин ривояти қонӯнӣ , фарди фаластинӣ ҳатто як шаҳрванд ба маънои сӯрии он низ нест , балки як « сокини машрӯт » дар ватани худ аст .

Ин таҳлилгар муътақид аст ки асоси ин режим ба гӯнае тарроҳӣ шуда ки замин , манобе ва ҷамъиятро барои хизмат ба « бартарии дарозмуддати қавмӣ » боз тавзиъ мекунад .

« Ал-Сенусси » навишт ки расонаҳои саҳюнистӣ бо такрори тасвири манфӣ аз Фаластин ва мадориси режим бо омӯзиши ривояти аз инки таъсиси Исроилро « раҳоӣ » мехонд дар талош ҳастанд то ҳофизаҳои иҷтимоӣ холӣ аз мавзӯи Фаластин шаванд .

Вай натиҷаи ин фрояндро « авлавиятбандии ҳамдилӣ » донист ки дар он марги як фаластинӣ як хабари ҳошияӣ аст , аммо тарс барои сарнавишти асирони исроилӣ бо унвони нигаронӣ барои амнияти саҳюнистҳо бузургнамоӣ мешавад .

Ин коршиноси масоили байналмилал хотирнишон кард ки ҳатто эътирозоти густардаи дохилӣ дар солҳои 2024 ва 2025 алайҳи сиёсатҳои « Бинёмин Нитониёҳу » , нахуствазири Исроил , на барои маҳкӯмияти куштори ғайринизомиён дар Ғазза , балки умдатан барои дархости озодии асирони исроилӣ буд ки нишон медиҳад виҷдони ҷамъӣ дар Исроил танҳо замоне фаъол мешавад ки « яҳуд дар хатар бошад » .

Your Comment

You are replying to: .
captcha