Ба гузориши хабаргузории Абна бо истинод ба хабаргузории Шаҳоб, Гардунҳои Шаҳид Абӯалӣ Мустафо тасовире аз ҳамлаҳои мушакӣ ба низомиёни ишғолгар дар Байт Лаҳия мунташир карданд.
Аз сӯи дигар, муҷоҳидони Гардунҳои Қассом як булдозери низомии “Д9”-и артиши сионистӣро бо гулӯлаи “Ясин 105” дар минтақаи Қизон ал-Наҷҷор, воқеъ дар ҷануби шаҳри Хон Юнис дар ҷануби Навори Ғазза ҳадаф қарор доданд.
Ҳамчунин Гардунҳои Шаҳид Иззуддин Қассом, шохаи низомии Ҷунбиши Ҳамос, таъкид кард, ки муҷоҳидони он рӯзи якшанбе як танки артиши сионистӣро бо бомби “Шавоз” ва гулӯлаи “Ясин 105” дар минтақаи Қизон ал-Наҷҷор, воқеъ дар ҷануби шаҳри Хон Юнис дар ҷануби Навори Ғазза ҳадаф қарор додаанд.
Аз тарафи дигар, Сараё ал-Қудс, шохаи низомии Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин эълон кард: “Муҷоҳидони мо пас аз бозгашт аз хатҳои набард эълон карданд, ки субҳи панҷшанбеи гузашта як бомби бисёр қавӣ дар масири ҳаракати як мошини низомии Ҷип Ҳаммери артиши сионистӣ дар як маркази тозатаъсисёфтаи душмани сионистӣ дар шарқи шаҳри Ғазза мунфаҷир кардаанд”.
342/
Your Comment