23 Май 2025 - 18:43
Source: Parstoday
Ҳамла ба коркунони сафорати режими саҳюнистӣ дар Вашингтон ; 2 кушта ва чанд захмӣ

 Порс тудей - Ду корманди сафорати режими саҳюнистӣ бар асари тирандозӣ дар хориҷ аз маросиме. ки тавассути Кумитаи яҳудёни Амрико дар музеи яҳӯдӣ дар Вашингтон D.C баргузор шуд , кушта шуданд .

Ба гузориши Порси тудей ба нақл аз хабаргузории донишҷӯёни Эрон ( Исно ) , «Kristi Noem » вазири амнияти дохилии Амрико гуфт : Ду корманди сафорати Исроил шомгоҳи чаҳоршанбе дар тирандозии наздики музеии яҳудён дар Вашингтон D.C кушта шуданд . Бар асоси гузоришҳо , гурӯҳи вижаи амалиёти терориз FBI дар ҳоли баррасии далоили ин ҳодисааст . « Pam Bondi » Додситони кули Амрико ҳам гуфт ки аз саҳнаи тирандозӣ боздид кардааст . Бинобари эъломи полис , як мазнун боздошт шудаасту таъқиби марди сафедпусти ҳам идома дорад . « Marco Rubio » вазири умӯри хориҷаи Амрико ҳам кушта шудан 2 корманди сафорати режими саҳюнистӣ дар Вашингтонро ба шиддат маҳкӯм кард ва гуфт : “ Ончӣ иттифоқ афтод як иқдоми вақеҳона аз хушунати буздилона ва зидди яҳудӣ буд . “ « Дания Данон» сафири режими саҳюнистӣ дар Созмони Милали Муттаҳид , дар шабакаи иҷтимоӣ “ экс “ тирандозӣ ба кормандони сафорати ин режим дар Вашингтонро “ як иқдоми фосиди тероризми зидди яҳӯдӣ “ тавсиф кард . Дар ин тирандозии як мард ва як зан кушта шуданд ки ҳануз ба таври расмии шиносоӣ нашудаанд . Бархе дигар аз ҷумлаи кормандони сафорати режими саҳюнистӣ ҳам маҷрӯҳ шуданд . Сафорати режими саҳюнистӣ феълан ба саволоти марбӯт ба тирандоз , қурбониён ё ангезаи ҳамла посух надодааст . Вазири умурхориҷаи режими саҳюнистӣ ҳам бо баёни инки намояндагони ин режим ҳамеша дар маърази хатар ҳастанд ва ба вижа дар ин муддат дар маърази хатари бештарӣ қарор доранд , тасреҳ кард : Бо мақомоти Амрико дарбораи иллати тирандозӣ ба кормандони сафорати ин режим дар Вашингтон гуфтугўӯкардааст .

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha