14 Апрел 2025 - 20:01
Source: Parstoday
37 шаҳид дар ваҳшигарии ҷаддиди саҳюнистҳо дар Ғазза ва тахриби 36 бемористон؛ Қадрдонии фаластиниҳо аз муқовимати Яман

Дар ҷаддидтарин ҷиноёти артиши режими саҳюнистӣ дар манотиқи мухталифи борикаи Ғазза , илова бар тахриби 36 бемористон 37 фалстинӣ шаҳид шуданд.

Режими саҳюнистӣ дар ростои поксозии қавмии борикаи Ғазза аз фаластиниён, ҳамакнун дар ҳоли наслкушии сокинони ин борика дар сукути ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва ҳимоятҳои Амрикост. Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз хабаргузори Меҳр, Вазорати беҳдошти Ғазза бо судури баёнияе эълом кард, дар ҳамалоти дирӯз якшанбе артиши режими саҳюнистӣ ба манотиқи мухталифи Ғазза, 37 нафар ба шаҳодат расиданд.

Бар асоси ин гузориш бо шаҳодати ин 27 фаластинӣ шумори  шуҳадои Ғазза дар ҳамалоти режими артиши саҳюнистӣ аз ҳафтуми октябри 2023 то кунун, ба ҳудуди 60 ҳазор нафар расида ва 116 ҳазору 156 нафар ҳам захмӣ шуданд.

Тахриби 36 бемористон

Дар ҳамин ҳол дафтари иттилоърасонии давлат дар борикаи Ғазза эълом кард , режими саҳюнистӣ токунӯн 36 бемористонро бомбаборон ва тахриб кардааст . Ин омору арқом пас аз он баён мешавад ки ҷангандаҳои артиши режими саҳюнистӣ бомдоди рӯзи якшанбе бо ҳамла ба бемористони Ал -Аҳли ва Ал-Араби ( Алмаъмадони ) ва шиллеки 2 мӯшак ба сохтимони уржонси он , хисорати қобили таваҷҷӯҳе ба бахшҳои пазириш , озмоишгоҳу дорухонаи ин маркази дармонӣ ворид карданд . « Enass_AbuKhalaf » намояндаи Созмони пизишкони бидӯни марз ( MSF ) низ аз шароити инсонии таъасуфноки  Ғазза ба далели таваҳҳуши саҳюнистҳо интиқод кард ва гуфт : ин ҷанг , ҷанги алайҳи тамоми ҷанбаҳои зиндагӣ дар Ғазза бӯда ва дар ҳоли куштори ғайринизомиён фаластинӣ аст .

Ҳамалоти муқовимати Яман ба аҳдофи исроилӣ

Нерӯҳои мусаллаҳи Яман бо ду фарванд мӯшаки болистик ки яке аз онҳо фасафти аз навъи « Фаластини 2 » буд , ба пойгоҳ « Сдот Мехо » режими саҳюнистӣ дар шарқи Ашдуди ишғолӣ ва ҳамчунин фурудгоҳ «Ben-Gurion » дар минтақаи ишғолӣ « Ёфо » ҳамла карданд . Ҳамчунин дар пайи ҳамлаи мушакии Яман , ожирҳои хатар дар шумори зиёдӣ аз шаҳракҳои саҳюнистнишин ба садо даромадааст . Ожири хатар дар беш аз 300 шаҳраки саҳюнистнишин дар маркази Фаластини ишғолӣ ба садо даромад . Дар ҳамин ҳол « Яҳёи Сариъ » сухангӯии нерӯҳои мусаллаҳи Яман рӯзи якшанбе аз сарнигӯнии як паҳподи амрикоӣ аз навъ « MQ-9 Reaper» дар устони « Ҳаҷа » хабар дод.  Ин нӯздаҳумин паҳподии амрикоӣ буд ки дар рӯзҳои ахир тавассути муқовимати Яман сарнагӯн шуд .

Қадрдонии Қассом  аз яманиҳо

Абу Убайда , сухангӯи гардонҳои шаҳид  Иззуддин Қассоми шохаи низомии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ) бо қадрдонӣ аз ҳамлаи мушакии Яман ба арозии ишғолӣ дар ҳимоят аз мардуми Фаластин эълом кард , бародарони ростини яманӣ ба рағми ҳазинаҳои сангине, ки бо ҷону моли худ барои ҳимоят аз Фаластин ва Масҷиул Ақсо додаанд , барои пуштибонӣ аз Ғазза ки ҳадафи наслкушиҳои беамони қарор дорад ҳамчунон бар ҳамалоти худ ба қалби режими саҳюнистӣ исрор мекунанд . 

Ҳамлаи ҳавоии Амрико ба Яман

Вазорати беҳдошти Яман эълом кард: Дар ҳамлаи ҳавоии якшанбе шаби артиши Амрико ба як корхонаи серомиксозӣ дар шаҳристони  «Бани Матра»  дар ғарби   «Санъо»، 6 тан шаҳид ва 26 нафар низ захмӣ шуданд.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha