Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико аз замони бозгашт ба Кохи Сафед, поён бахшидан ба ҷанги Украинаро авлавияти нахусти давлати худ муаррифӣ кардааст, масаълае, ки ба роҳатӣ қобили ҳусул нест.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Меҳр, нашрияи Таймс навишт: Бар асоси тарҳи генерали бознишаста Кит Келлог, намояндаи вижаи раисиҷумҳури Амрико дар умури Украина, ин кишвар ба сабки Берлин пас аз Ҷанги ҷаҳонии дувум тақсим мешавад.
Кит Келлог пешниҳод дода, ки Украина ба ду минтақа тақсим шавад: Ғарби руди Днепр таҳти кантроли Неруҳои ҳофизи сулҳи Англия ва Фаронса қарор гирад. Шарқи Украина, шомили манотиқи таҳти ишғоли феълӣ, дар кантроли Русия боқӣ бимонад ва як минтақаи ғайринизомӣ ба арзи 18 моил байни ин ду бахш эҷод шавад.
Вай таъкид кардааст, ки Амрико ҳеҷ неруи заминӣ ба ин манотиқ эъзом нахоҳад кард, аммо пазириши кантроли Русия бар бахшҳое аз шарқи Украина, метавонад дар Киев бо вокуниши манфӣ мувоҷеҳ шавад.
Ин тарҳ нигарониҳоеро дар байни ҷумҳурихоҳон ва муттаҳидони Амрико барангехтааст.
Бархе нигаронанд, ки ин пешниҳод ба маънои пазириши хостаҳои Русия ва тазъифи ҳокимияти Украина бошад. Бархе мақомоти амрикоӣ низ аз набуди инсиҷом дар сиёсатҳои давлати Трамп дар қиболи Украина ибрози нигаронӣ кардаанд.
Ҳарчанд Кит Келлог ба хотири мавозеъи зиддирусии худ дар Киев мавриди эҳтиром аст, аммо муқоисаи Украина бо Олмони нозӣ ва пешниҳоди тақсими кишвар, нигарониҳоеро дар миёни мақомоти украинӣ эҷод кардааст. Бисёре ин тарҳро нишонае аз пазириши хостаҳои Кремл ва таҳдиде барои тамомияти арзии Украина медонанд.
Дар марти 2025 раисиҷумҳури Амрико эълом кард, Кит Келлог дар музокирот бо Русия нақше нахоҳад дошт ва фақат ба унвони намояндаи вижа дар умури Украина фаъолият хоҳад кард. Ин тасмим пас аз он гирифта шуд, ки Русия оташбаси 30 рӯзаро рад кард ва хостори таваққуфи ирсоли силоҳ ба Украина шуд.
Кит Келлог пештар бо сафар ба Киев ва дидор бо Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина аз ҷабҳаҳои ҷанг дидан кард то дарки амиқтаре аз ниёзҳои амниятии Украина ба даст оварад.
Дар ҳоле, ки бархе тарҳи Кит Келлог барои поён додан ба ҷанги Украина, онро гоме ба сӯи сулҳ медонанд, дигарон ҳушдор медиҳанд, ки чунин тарҳе метавонад машрӯъияти иқдомоти Русияро тақвият кунад ва ба зарари ҳокимияти Украина тамом шавад.
Ҷанги Украин дар пайи бетаваҷҷӯҳии Ғарб нисбат ба нигарониҳои амниятии Маскав ва густариши неруҳои Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) то наздикии марзҳои Русия калид хӯрд. Маскав дар пайи нодида гирифтани дағдағаҳои амниятии худ аз сӯи Ғарб ва бавижа Амрико дар феврали 2022 ба Украина ҳамлаи низомӣ кард. Кишварҳои ғарбӣ дар посух ба ин иқдоми Русия, токунӯн таҳримҳои густардаеро зидди Маскав эъмол ва миллиардҳо доллар таслеҳоту таҷҳизоти низомӣ ба Киев ирсол кардаанд.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия борҳо шартҳои худ барои поёни ҷанги Украинаро, аз ҷумла напайвастани Киев ба эътилофи низомии НАТО, лағви тамоми таҳримҳои Ғарб зидди Маскав ва хурӯҷи комили низомиёни украинӣ аз минтақаи «Донбасс» ва «Новороссия» такрор кардааст.
342/
Your Comment