“Эн Би Си нюз” рӯзи душанбе гузориш дод, мақомоти амрикоӣ, ки номашон фош нашудааст, муътақиданд, дар ҳоле ки гуруҳе аз мақомоти Иёлоти Муттаҳидаву Украина барои дидори ин ҳафта дар Арабистони Саудӣ омода мешаванд, Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар як дидори хусусӣ ба дастёрони худ эълом карда, як қарордоди маъдании имзошуда байни Вашингтон ва Киев барои аз саргирии кумакҳо ба Украинаи ҷангзада кофӣ нахоҳад буд.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, ин мақомоти амрикоӣ тасреҳ карданд, ки Трамп дар айни ҳол ба дунболи эҷоди тағйири нигариши Владимир Зеленский, раиси ҷумҳурии Украина дар мавриди музокироти сулҳ аст ва мехоҳад вайро водор ба додани имтиёзоте монанди вогузории замин ба Русия низ кунад.
Аз сӯи дигар, Трамп ҳамчунин аз Зеленский хоҳад хост, ки иқдомоте барои баргузории интихобот дар Украина анҷом диҳад ва аз симати худ канорагирӣ кунад.
Дар ҳамин иртибот, Брайан Ҳиюз, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед гуфт: Бо ҷаласоте ки дар Арабистон баргузор мешавад, муштоқона мунтазири шунидани ҳаракати мусбати бештаре ҳастем ва умедворем, ки дар ниҳоят ҷанги Русия ва Украина поён ёбад.
Амрико бо зиёдахоҳиҳои худ, хостори 500 миллиард доллар аз манобеи маъдании Украина дар ивази кумакҳои Вашингтон ба Киев шуда буд. Аммо Зеленский ин пешниҳодро рад карду гуфт, ки кумакҳои Амрико ба Украина дар замони ҷанг ҳеҷ қаробате бо ин маблағ надорад.
Зеленский ҳамчунин изҳор дошт, дар тавофуқи пешниҳодии Амрико ҳеҷ як аз замонатҳои амниятӣ, ки Украина ба унвони бахше аз тавофуқи сулҳ хостор шудааст, вуҷуд надошт.
Гузоришҳо акнун хабар аз ақибнишинии Зеленский медиҳанд.
342/
Your Comment