Исмоили Бақоӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар нишасти хабарӣ зимни мухолифат бо тарҳи кӯчондани иҷбории мардуми Ғазза ва Каронаи бохтарӣ гуфт: Тарҳи кӯчондани иҷбории мардуми Ғазза ва Каронаи бохтарии рӯди Урдун, поксозии қавмӣ аст.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, Бақоӣ ҳамчунин бо ишора ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза афзуд: Наслкушӣ дар Ғазза бо эҷоди қаҳтиву қатъи об идома дорад.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷа Эрон таъкид кард, кишварҳо бояд ҳар гуна ҳимояти моливу равобити тиҷорӣ бо режими саҳюнистиро то замоне, ки ишғолгарӣ ва ҷиноёт идома дорад, қатъ кунанд.
Малайзия хостори маҳкумияти тарҳи кӯчи иҷбории фаластиниҳо шуд
Хабари дигар ин ки Ҳоҷӣ Муҳаммад бин Ҳоҷӣ Ҳасан, вазири умури хориҷаи Малайзия дар ҳошияи нишасти вазирони хориҷаи Созмони Ҳамкории Исломӣ (OIC) дар Ҷадда эълом кард, кишварҳои бузург ва ниҳодҳои байналмилалӣ бояд тарҳи кӯчи иҷбории фаластиниҳо ва илҳоқи Ғаззаро маҳкум кунанд. Вай ибрози умедворӣ кард, Созмони Ҳамкории Исломӣ бо ҳамоҳангии ниҳодҳои вобаста ба Созмони Милал ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ, битавонад тарҳе ҷомеъ барои бозсозии манотиқи ҷангзада монанди Ғазза, Лубнон ва Сурия ироа диҳад.
Ҳоҷӣ Ҳасан тарҳи кӯчи иҷбории фаластиниҳо ва илҳоқи Ғаззаро иқдоме ғайривоқеӣ ва ноқизи қавонини байналмилалӣ тавсиф кард.
Ваии таъкид кард, Малайзия ҳамвора таҷовузоти режими саҳюнистӣ алайҳи фаластиниҳо ва талошҳои Тел-Авив барои тазъифи ҳокимияти Фаластин, Лубнон ва Сурияро маҳкум карда ва ба эҳтиром ба чандҷонибагароӣ, қавонини байналмилалӣ ва низоми Созмони Милал пойбанд аст.
342/
Your Comment