23 Феврал 2025 - 19:32
Шаҳид Саидҳошим Сафииддин кӣ буд?

Саиидҳошим Сафиддин, ки раёсати Шӯрои иҷроии Ҳизбуллоҳи Лубнонро бар ӯҳда дошт ва яке аз гузинаҳои эҳтимолӣ барои ҷонишинии шаҳид Саидҳасан Насруллоҳ ёд мешуд, дар сеюми октябри 2024 дар Бейрут, ҳадафи ҳамлаи ҳавоии режими Исроил қарор гирифт ва ба шаҳодат расид.

Пайкарҳои Саидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли шаҳид ва Саидҳошим Сафииддин, раиси Шӯрои сиёсии Ҳизбуллоҳи Лубнон рӯзи якшанбе (23 феврали 2025) дар ҷануби Лубнон ташйиъ мешавад ва ба ҳамин баҳона, нигоҳе ба зиндагонии Саидҳошим Сафииддин дар Порс Тудей андохтаем.

Ҳошим Сафиддин, писархолаи шаҳид Саидҳасан Насруллоҳ дар соли 1964 дар ҷануби Лубнон дар хонаводае саршинос ба дунё омад. Ӯ дар даҳаи 1980 ба ҳамроҳи хешованди худ Саидҳасани Насруллоҳ барои таҳсили улӯми динӣ роҳии шаҳри Қуми Эрон шуд. Дар соли 1983 бо духтари Маҳмадалии Аломин, аз аъзои Шӯрои қонунгузории Шӯрои исломии шиаёни Лубнон издивоҷ кард. Дар соли 1994, Насруллоҳ, Ҳошим Сафиддинро ба унвони раиси минтақаи Бейрути Ҳизбуллоҳ мансӯб кард. Ӯ сипас дар соли 1995 раёсати Шӯрои ҷиҳодро, ки масъули фаъолиятҳои низомии Ҳизбуллоҳ буд бар ӯҳда гирифт. Дар соли 1998, Сафиддин ба унвони масъӯли Шӯрои иҷроӣ иртиқо ёфт.

Саидҳошим Сафиддин иродати хосе ба сардор Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи эронии мубориза бо терроризм дар Ғарби Осиё дошт ва дар бораи ин шаҳид мегуфт: Ҳузури ӯ (сардор Сулаймонӣ) рӯҳия медод. Шахсе, ки мо мешинохтем, марди майдон буд. Марди набард, марди тасмимгирӣ ва марди ҳалу фасл кардан буд. Нақше, ки ӯ доштро ҳеҷ каси дигаре наметавонист ифо кунад. »
Саидҳошим аз соли 2008 дар феҳристи таҳримҳои Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва аз соли 2017, дар листи сиёҳи Амрико қарор гирифт.
Дар майи 2023 хабарҳое аз террори ӯ дар Лубнон мунташир шуд, ки баъдан такзиб шуд. Дар пайи ҳамалоти 27 сентябри 2024 артиши Исроил ба Лубнон, расонаҳо ҳадафи ин террорро Саидҳошим Сафиддин донистанд. Ба гуфтаи Ройтерз, ӯ аз ин ҳамла наҷот ёфт, аммо дар ниҳоят Сафиддин дар сеюми октябри 2024 дар ҳамлаи ҳавоии режими Исроил ба Бейрути Лубнон, ба орзӯи деринаи худ, яъне шаҳодат расид.
Саидҳошим Сафииддин сооте қабл аз шаҳодаташ хитоб ба имом Меҳдӣ, навишта буд: “Аз умрам, андак чизе боқӣ намондааст; оё меписандӣ, ки бидуни дидорат роҳии диёри боқӣ шавам?”.


Паёми Раҳбари Инқилоби Исломӣ ва мақомҳои эронӣ дар пайи шаҳодати Сафиддин 


Имом Хоманаӣ, раҳбари Инқилоби Исломӣ дар пайи шаҳодати Саидҳошим Сафииддин навиштанд: Шаҳомату фидокории ӯ ва дигар фармондеҳону муҷоҳидони меҳвари Насруллоҳ буд, ки хатари ғасбу ишғоли ҷануби Литонӣ ва Сувар ва дигар шаҳрҳои он ноҳия ва инзимоми он ба Фаластини ишғол шударо аз сари Лубнон рафъ карду ҷону молу обрӯи арзишманди Ҳизбуллоҳро дар роҳи ҳифзи тамомияти арзии он кишвар ба майдон овард ва режими саҳюнии мутаҷовизу ҷинояткорро ноком гузошт.

  Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам дар паёме ба муносибати шаҳодати Саидҳошим Сафиддин тасреҳ кард: Ин бузург марди арсаи ҷиҳоду шаҳодат бо илҳом аз мактаби ошуро, шуҷоонаи ҳамаи зиндагии худро вақфи дифо аз мардуми мазлӯми Фаластину Лубнону тақвияти ҷабҳаи муқовимат намуду осори дурахшоне аз муҷоҳидату муқовимат дар роҳи ислому мубориза бо зулму ситам барҷо гузошт, ки барои ҳамеша дурахшону илҳомбахш боқӣ хоҳад монд.
Оятуллоҳ Алиризо Аърофӣ, мудири ҳавзаҳои илмияи Эрон низ дар пайи шаҳодати Саидҳошим Сафииддин гуфт: Саидҳошим, ки умру ҷавонии худро вақфи ислом карда буд бо қудрати мудириятӣ, хутбаҳои оташину мутқани худ, ҳамвора дар баробари режими саҳюнистӣ истод ва ба мо омухт, ки чӣ гуна дар гумномӣ метавон бо имону ирода ва дирояту ихлос дар баробари чолишҳо истодагӣ кард ва бар номулоимот фоиқ омаду гом ба гом ба ормонҳо расид.
Сардор сарлашкар Муҳаммад Боқирӣ, раиси Ситоди кули неруҳои мусаллаҳи Эрон ҳам ба муносибати эъломи хабари шаҳодати Саидҳошим изҳор кард: Шаҳодати пурифтихори муҷоҳиди бузург ҳуҷҷатулислом валмуслимин Саидҳошим ва аз ёрони садиқу номдори Саид муқовимат, шаҳид Саидҳасан Насруллоҳ дар амалиёти террористии режими хуношоми саҳюнистӣ санади дигаре аз шикасти артиши ҷинояткори саҳюнӣ дар майдони рӯёрӯӣ бо муҷоҳидони озодии Қудси шариф аст.