17 Март 2024 - 20:22
Таҳлил. Китоби «Дурӯғи зан, зиндагӣ, озодӣ»: Нигоҳе ба 38 ҳазор дурӯғи зиддиэронии расонаҳои ғарбӣ ва таҷрибаҳое барои милали мустақил

Китоби «Дурӯғи зан, зиндагӣ, озодӣ» беш аз 38 ҳазор дурӯғи 5 расонаи зиддиэронии форсизабони ғарбӣ тайи фақат 46 рӯзро мурур мекунад.

Китоби «Дурӯғи зан, зиндагӣ, озодӣ» ба муҳимтарин дурӯғҳои зиддиэронӣ дар моҷарои иғтишошоту ошӯбҳои таҳти ҳимояти Ғарб дар соли 1401 дар Эрон мепардозад.

Чанд кишвари ғарбии мухолифи Эрон барои соли 1401 як амалиёти ҳамаҷониба алайҳи Эронро барномарезӣ карда буду қарор буд ҷанги таркибӣ ба баҳонаи мушкилоти иқтисодӣ ва бо меҳварияти донишгоҳҳо калид бихӯрад. Ҷараёни мутахосими ғарбӣ дар ҳоли иҷро кардани барномаи худ буд, аммо фавти Маҳсо Аминӣ, духтари эронӣ дар боздоштгоҳи полис дар шаҳривармоҳ сабаб шуд то барномаи худро пештар биандозанд.

Даргузашти ин духтари ҷавон, ки ҷузви қавми курди эронӣ ва аз ақалиятҳои мазҳабӣ буд, тамоми мухтассоти лозим барои шурӯи як нооромиро дар ихтиёри сарони амрикоиву ғарбӣ қарор дод.

Дар ин миён расонаҳову шабакаҳои моҳвораии форсизабони мутааллиқ ба кишварҳое бо собиқаи истеъморӣ ҳам 24 соата ва фаъолтар аз ҳамеша машғули фаъолият буданд. Ба унвони мисол, телевизиони Би Би Си форсӣ, ки дар тӯли ин солҳои фаъолияташ алайҳи мардуми Эрон саъй карда буд худашро ҳирфаӣ ва бетараф нишон диҳад, ниқоб аз чеҳра андохту алайҳи мардуми Эрон шамшер дар даст гирифт. Дар авҷи рӯзҳои иғтишошоти Эрон амалкарди 5 расонаи зиддиэронӣ (Би Би Си форсӣ, вобаста ба давлати Англия, Эрон Интернашнол, вобаста ба давлати Саудӣ ва Исроил, Садои Амрико ва радиои Фардо, вобаста ба давлати Амрико, шабакаи Ману Ту, вобаста ба Англия ва Исроил) ва сафаҳоти маҷозии онҳо дар бозаи замонии 23 шаҳривар то 9 обон (46 рӯз) мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки натиҷаи баррасиҳо нишон дод, ин 5 расонаи форсизабон беш аз 38 ҳазор дурӯғро дар бораи ҳаводиси соли 1401 Эрон мунташир кардаанд.

Китоби «Дурӯғи зан, зиндагӣ, озодӣ» дар воқеъ муруре аст бар дурӯғҳо, иддаоҳову куштасозиҳое, ки расонаҳои давлатҳои султаҷӯи ғарбӣ дар иғтишошоти 1401 барои аз байн бурдани эътимоди умумӣ, оромиши мардум ва дар як калом зарба задан ба Эрони муттаҳид ба кор гирифтанд.

Дар фасли аввали ин китоб ба куштасозиҳои ҷараёни вобаста ба Ғарб пардохта шуда, дурӯғҳое, ки афкори умумиро нишона гирифта буд. Аз охирин рӯзҳои тобистони соли 1401 ин ҷараён таҳти мудирияти расонаии Ғарб ҳар фарде, ки дар нуқоти мухталифи кишвар ҷон мебохтро куштаи иғтишошот тавассути ҳукумати Эрон меномиданд.

Барои онҳо духтарони навҷавони зеборӯ аз аҳамияти болотаре бархӯрдор буд, чаро ки бо шиори сохтагии “Зан, зиндагӣ, озодӣ” мутобиқати бештаре дошт. Дар ин миён афроде ки ба далоиле монанди тасодуфу низоъ ҷон бохта буданд ва ё духтарону писароне ки худкушӣ карда будандро ҳам кушташуда тавассути полису маъмурони давлатӣ ҷо заданд. Ҳатто гоҳе фаротар аз он афроде, ки зинда будандро ҳам кушта номиданд. Бархе дигар аз афроде, ки тавассути худашон (терруристҳову арозилу авбош) кушта шуда ҳам ба гардани полису низоми ҷумҳурии исломӣ андохтанд.

Ҷараёни зиддиэронӣ таҳти ҳимояти Амрико, ҳамзамон бо интишори овозаҳои куштасозӣ, дурӯғҳои густардаву ҳамоҳангеро ҳам барои таҳрики афкори умумӣ, ноумедии мардум, фосила андохтан байни мардуму масъулонро мунташир карданд. Ин ҷараёни мутаваҳҳим, ки низоми Ҷумҳурии исломии Эронро поёнёфта медид, аз дурӯғи бемории Раҳбари инқилоб то фирори масъулони низоми ҷумҳурии исломӣ ба Ғарбро ҳам бознашр дод. Интишори тасовиру филмҳои қадимӣ ва ё интисоби ҳамзамони як филми собит ба чанд шаҳр ва ё дар чанд таърихи мутафовит ҳам бахши дигаре аз дурӯғҳое буд, ки барои густарда нишон додани эътирозот ба кор гирифта мешуд то ба масобаи оташи таҳия барои бомбаборони расонаии худ ба кор бурданд. Ахбори дурӯғини боздоштҳои густардаи чеҳраҳо, донишҷӯёну хабарнигорон ва шойеоти шиканҷаи зиндониён ҳам дар дастури кори расонаҳои маонид қарор дошт. Дар канори неруҳои хориҷиву дохилӣ, ки Амрикову Ғарб ба онҳо «омодабош» дода буд, барои таҳрики афкори умумӣ ва афзоиши ҳаҷмаҳо ниёз ба селебритиҳо дошт то ба унвони оташбиёри маърака вориди саҳна шаванд. Бахше аз селебритиҳо ҳамонҳое буданд, ки аз қабл дар хориҷ аз кишвар ҳузур доштанду иродати худ ба ҷараёнҳои зиддиэронӣ исбот карда буданд. Иддаи дигар аз ин селебритиҳо бо вуҷуди ҳамкорӣ бо ҷараёни зиддиэронӣ, дар Эрон ҳузур доштанд. Бахши дигар, селебритиҳое буданд, ки тамоми талоши худро ба кор гирифтанд то ризоияти ғарбиҳоро ҷалб кунанд. Онҳо дар ин масир бо зарба задан ба мардуму низоми Ҷумҳурии исломии Эрон саъй карданд то муқаддамоти иқомати худ дар Аврупову Амрикоро фароҳам кунанд. Дар ин миён иддаи зиёде аз чеҳраҳо ҳам буданд, ки таҳти фишори расонаи зиддиинқилоб маҷбур ба вокуниш дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуданд, ҳатто бархе ба сурати ҷавзада аз идомаи фаъолият дар Эрон худоҳофизӣ карданд. Ҳарчанд, ки чанд моҳ баъд бо ором шудани авзоъ, чароғи хомӯши фаъолияти худро идома доданд.

Ин китоб ба ҳиммати Ҳамидризо Тоҷӣ ва бар мабнои тавлидоти таҳқиқии гузоришгарон омода шудааст.

342/