22 Сентябр 2022 - 16:54
Эътирози Тоҷикистон ба иттиҳомоти Қирғизистон

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон иттиҳомоти матраҳшуда аз сӯи давлати Қирғизистон мабнӣ бар ба коргирии унсурҳои ҷараёни такфирӣ-террористӣ дар даргирии марзии ахирро беасос донист.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дирӯз чаҳоршанбе 21 сентябр бо судури баёнияе дар вокуниш ба изҳороти дабири Шӯрои олии амнияти миллии Қирғизистон эълом кард: Ин изҳорот сохтаву дуруғин ва баргирифта бар дасткорӣ ва таҳрифи ҳақоиқ буда ва бо ҳадафи гумроҳ кардани афкори умумии ду кишвар матраҳ шудааст.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин ҳушдор дод: Чунин суханони нодуруст метавонад вазъиятро дар ин даврони сахт барои мардуми ду кившар ноором кунад ва масъулияти он бар уҳдаи касоне аст, ки ин изҳоротро матраҳ мекунанд.

Дар ин замина Марат Имонқулов, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Қирғизистон дар нишасти фавқулода дар бораи танишҳои марзии бо Тоҷикистон зимни матраҳ кардани ин эҳтимол, ки нерӯҳои такфири-террористӣ дар миёни нерӯҳои марзии тоҷик ҳузур доштанд, гуфта буд: Бархе аз низомиёни қирғиз бераҳмона кушта шуданд ва ин падида эҳтимолан нишонае аз ҳузури нерӯҳои созмонёфтаи ифротӣ ва террористӣ дар ин даргириҳост. 

Бино бар оморҳои  мунташиршуда даргирии миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, дар марз талафоти зиёди ҷониву молӣ бар ҷой гузошта аст. 

342/