Ба гузориши хабаргузории Форс, Ҷонибек Ҳикмат, намояндаи доими Тоҷикистон дар Созмони милал ва Владимир Воронков, муовини дабири кул ва раиси Маркази зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид имрӯз (якшанбе) дар дидор бо якдигар, раванди созмондиҳӣ ва баргузории нишасти «ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ дар заминаи амнияту мудирияти марзҳо барои муқобила бо терроризм ва ҷилавгирӣ аз ҳаракати террористҳо»-ро баррасӣ карданд.
Тарафайн дар ин дидор бар муборизаи ҷиддӣ бо терроризм ва ифротгароӣ дар минтақа таъкид карданд.
342/