Баҳроми Айнуллоҳӣ гуфт, Пешрав будани Эрон дар ваксинатсия нишон аз қудрати воқеии мардуми Эрон дорад, ба тавре, ки дар Теҳрон 94 дарсади мардум як дозаи воксанро тазриқ кардаанд. Дар ҳоле ки дар Амрико мизони тазриқи ваксинатсия 60 дарсад будааст.
Айнуллоҳӣ афзуд, миллати Эрон қудрати воқеии худро дар муқобила бо вируси корона ба ҷаҳониён нишон доданд.
Вазири беҳдошт ҳамчунин гуфт, беш аз 200 шаҳиди мудофеи саломат дорем, ки дар шароити коронаӣ болои сари бемор монданд ва ҷонфишонӣ карданд.
Муҳаққиқон ва мутахассисони ҷавони эронӣ муваффақ шуданд барои муқобила бо вируси корона озмоиш ва тавлиди чанд воксанро бо муваффақият анҷом диҳанд.
Мароҳили ниҳоӣ барои сабти воксани Ков Эрон Баракат дар Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар ҳоли пайгирӣ аст.
342/