AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Душанбе

20 Ноябр 2023

19:03:27
1413549

Интиқоди мардуми Ҳирот аз тавзеъи кумакҳои башардӯстона

Мардуми Ҳироти пас аз гузашти муддатҳо аз заминларзаҳои пай дар пай. ба далели нобасомониҳо дар тавзеъи кумакҳои башардӯстона аз Толибон интиқод мекунанд.

44 рӯз аз заминларзаи шадид дар Ҳироти Афғонистон мегузарад. Мардуми ин вилоят пас аз ҳафтуми октябр  вуқуъи аввалин заминларза, ки бузургии он 6 . 3 риштер эълом шуд, чандин бор шоҳиди пасларзаҳои шаддид буданд. Гузоришҳо аз вазъияти асафбори мардуми Ҳирот дар остонаи фасли сармо ҳикоят мекунанд.

Ба гузориши хабаргузории Шафқано,фоҷеъазадагон заминларзаи Ҳирот зимни гилоя аз вазъияти бади худ ба рағми сарозер шудани кумакҳои ниҳодҳои имдодрасон ва кишварҳо, Толибонро ба адами посухгуӣ муттаҳам карданд.

Ин гилояҳо дар ҳоле матраҳ мешаванд, ки Толибон дарёфти 360 тони кумакҳои башардӯстонаи Чин барои осебдидагони заминларзаи Ҳиротро таъйид кардааст.

Бисёре аз шаҳрвандони сокини Ҳирот қодир ба таъмири хонаҳои худ нестанд ва бо тавваҷуҳ ба оғози фасли сармо, аз ояндаи аъзои хониводаи худ ба вижаи кӯдакон иброз нигаронӣ мекунанд.

Масъӯлони Толибон дар Ҳирот ахиран аз таҳвили 41 континери кумакҳои Чин шомили чодар ва ниёзҳои аввалия хабар додаанд .

Кифоятуллоҳи Ҳаққонй аз мақомоти Толибон дар Ҳирот гуфта ки ин кумакҳо қарораст ба идораи ҳаводиси ғайримутараққиба дар минтақа таҳвил шавад .

342/