Ба гузориши агентсии хабарӣ «Абна», «Гади Айзенкот», сардори собиқи ситоди артиши режими сионистӣ ва узви кунунии Кнессети ин режим, ба Натаняҳу гуфт: «Сарвазире, ки моро куркӯрона ба пасттарин сатҳи таърихӣ фуруд оварда ва бо дамидани бахш ва таҳрики ҷомеъа амал мекунад, сазовори сокинон (заминҳои ишғолӣ) нест ва салоҳияти панди ахлоқӣ дар бораи иттиҳодро надорад.»
Вай чанд рӯз пеш низ бо нашри мақолае дар рӯзномаи «Йедиот Ахаронот» навишта буд: «Лубнон гӯристони сиёсии сарвазирони (режими) Исроил аз Менахем Бегин то Эҳуд Олмерт будааст ва имрӯз низ Натаняҳу то гулӯ дар он фурӯ рафтааст.»
Your Comment