28 Июн 2026 - 12:55
Source: ABNA
Таҷовузи дубораи Амрико ба Эрон ва вайрон кардани оташбас ба фармони бевоситаи Трамп

Сентком таҷовузи дубораи Амрико ба Эрон ва вайрон кардани оташбас ба фармони бевоситаи Трампро тасдиқ кард.

Ба гузориши агентсии хабарӣ «Абна» ба нақл аз пойгоҳи хабарӣ «Аксиос», як мақоми амрикоӣ бо тасдиқи вайрон кардани дубораи оташбас аз ҷониби Вашингтон даъво кард: «Артиши Амрико дар посух ба ҳамлаи рӯзи шанбеи Эрон ба як киштии нафткаши тиҷорӣ, ҳамлаҳоеро алайҳи ҳадафҳое дар Эрон анҷом дод».

Инчунин Сентком, ба таври расмӣ ин таҷовузро тасдиқ кардааст.

Фармондеҳии марказии Амрико дар Ховари Миёна (Сентком) эълом кард, ки нерӯҳои амрикоӣ ба фармони бевоситаи Доналд Трамп, ҳамлаҳои бештареро алайҳи ҳадафҳои сершумори дар хоки Эрон анҷом додаанд.

Ин ниҳоди амрикоӣ даъво кард, ки ин ҳамлаҳо дар пайи охирин ҳамлаи Эрон ба киштии нафткаши тиҷорӣ «Кико» бо парчами Панама сурат гирифт, ки аз ҷониби ҳавоипӯҳои ҳуҷумии Эрон ҳадаф қарор гирифта буд.

Сентком даъво кард, ки пас аз ҳамлаҳои Амрико дар рӯзи ҷумъа, ба Эрон фурсат дода шуд, ки ба созишномаи оташбас вафодор бимонад, аммо Теҳрон ин фурсатро напазируфт ва ба амалҳои душманонаи худ идома дод.

Сентком бе ишора ба вайронкунии пайвастаи оташбас аз ҷониби Амрико, эълом кард, ки дар ин ҳамлаҳо ҷанговарони амрикоӣ инфрасохтори низомии Эрон аз ҷумла системаҳои назоратӣ, шабакаҳои алоқа ва сайтҳои дифои ҳавоиро ҳадаф қарор доданд.

Сентком дар идомаи баёнияи худ даъво кард: «Ҳамлаҳои мо қобилияти майдонгузории Эронро ҳадаф қарор додааст».

Фармондеҳии марказии Амрико дар охир бо даъвои омодагии пурраи нерӯҳояш эълом кард, ки травидди киштиҳои тиҷорӣ аз тангоби Ҳурмуз бефосила идома дорад ва нерӯҳои амрикоӣ дар сурати зарурат, бо ҳушёрии пурра омодаи анҷом додани зарбаҳои қатъӣ мебошанд.

Як мақоми боломартабаи амрикоӣ низ ба шабакаи Фокс-Ньюз гуфт, ки доираи ҳамлаҳои охирин аз амалиёти шаби гузашта низ калонтар будааст.

Ин мақоми амрикоӣ илова кард: «Инчунин нерӯҳои муштараки Амрико ва Баҳрайн муваффақ шуданд, ки 9 адад ҳавоипӯҳои Эрониро, ки шаби гузашта ба сӯйи пойгоҳҳои амрикоӣ дар Баҳрайн партоб шуда буданд, сарнагун кунанд».

Your Comment

You are replying to: .
captcha