28 Июн 2026 - 12:54
Source: ABNA
Амалиёти қатъии мушакиву парронии Сепоҳ дар посух ба таҷовузҳои Амрико

Раёсати робитаҳои умумии Сепоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ бо нашри баёнияе аз посухи қатъии нерӯҳои баҳрӣ ва фазоии Сепоҳ ба таҷовузҳои охирини Амрико хабар дод.

Ба гузориши агентсии хабарӣ «Абна», раёсати робитаҳои умумии Сепоҳ бо нашри баёнияе посухи қатъии нерӯҳои баҳрӣ ва фазоии Сепоҳро ба таҷовузҳои охирини Амрико таъкид карда, гуфт: «Аз ин пас бо киштиҳои мутахалиф нисбат ба гузашта сахттар муносибат хоҳад шуд ва ҳар гуна таҷовузи эҳтимолии душман, бо ҳар баҳонае, ҳатто агар мисли дишаб ва имшаб ба ҳадафҳои ночиз равона шуда бошад, посухи кӯҳканда хоҳад гирифт. Душман бидонад, ки вайрон кардани оташбас хилофи банди 1-уми ёддошти Исломобод буда, боиси қатъи умумии равандҳо хоҳад шуд.»

Your Comment

You are replying to: .
captcha