Ба гузориши икно ба нақл аз Маркази иттилоотии Фаластин, Муҳаммад Ҳоҷӣ Мӯсо дар ин бора гуфт: Таҷовуз ва тааддии ошкорои саҳюнистҳо, ки Масҷидул-Ақсоро тавассути он чӣ «Раҳпаймоии Парчам» номида мешавад, ҳадаф қарор додааст, ҳамла ба қалби уммати исломӣ ва нишони шарафи он аст.
Вай афзуд: Ин иқдоми режими саҳюнистӣ, ҳамаи миллатҳо ва нерӯҳои зиндаи ҷаҳонро дар баробари масъулияти таърихии худ барои ҳифзи мақаддасот дар баробари лоиҳаи яҳудисозӣ қарор медиҳад.
Сухангӯи ин ҷунбиш таъкид кард: Мо таъкид мекунем, ки дифоъ аз Қудс, рукни асосӣ барои муқобила бо лоиҳаи саҳюнистӣ ва як вазифаи ҷомеи шаръӣ ва миллӣ аст. Талошҳои ишғолкунандагон барои тасарруфи ин шаҳр, дар баробари устувории миллати мо бо шикаст мувоҷеҳ хоҳад шуд.
Вай афзуд: Мо бар ӯҳдадории худ барои муқобила бо нақшаҳои ишғолкунанда такя мекунем ва қотеъона эълом медорем, ки терроризми режими ишғолгар дар шикастани иродаи миллати мо ё таҳрифи ҳақиқати Қудс, ки амонате бар гардани уммат боқӣ хоҳад монд, ҳаргиз муваффақ нахоҳад шуд.
Your Comment