Ба гузориши агентсии иттилоотии АБНА ба нақл аз Ал-Маядин, наздик ба 200 нафар дипломатҳои барҷастаи собиқи Канада бо ирсоли номае аз Марк Карни, сарвазири ин кишвар хостанд, ки таҳримҳои сахтеро алайҳи режими сионистӣ ба сабаби ҷиноятҳои ин режим дар ноҳияи Ғазза ва Лубнон ҷорӣ кунад.
Дар ин нома омадааст, ҳукумати Канада бояд созишномаи тиҷоратиро бо режими сионистӣ аз нав дида барояд ва ин паёмро ирсол кунад, ки агар вазъи Фаластин ва Лубнон беҳбуд наёбад, созишномаи ҳамкориҳои стратегиро ба таълиқ мегузорад.
Дар идомаи ин нома бо ишора ба афзоиши таҷовузҳои кӯчманчиёни сионистӣ дар соҳили ғарбӣ ва мавқеъҳои Тел-Авив оид ба васеъ кардани бунёди масканиҳои ғайриқонунӣ бо ҳадафи нест кардани имконияти ташкили давлати Фаластин, зарурати ҷории таҳримҳои қатъӣ таъкид шудааст.
Your Comment