Ба гузориши хабаргузории АБНА ба нақл аз хабаргузории "Ройтерз", Маҷлиси Намояндагони Амрико лоиҳаи буҷаи бузурги дифоии соли молии 2026-ро, ки арзише наздик ба 900 миллиард доллар дорад, тасвиб кард. Ин тарҳ дар бахши марбут ба Сурия, лағви таҳримҳои қонуни "Қайсар"ро низ дар бар мегирад.
Тибқи гузоришҳо, ин лоиҳа бастаи густардае аз муқаррароти марбут ба Сурия, Украина, Осиё ва Уқёнуси Ором, Аврупо, Ироқ ва барномаҳои маъруф ба муқобила бо маводи мухаддирро шомил мешавад. Дар бахши Сурия, таҳримҳое, ки қаблан дар доираи қонуни Қайсар алайҳи давлати Башор Асад амалӣ шуда буд, лағв гардидааст.
Дар ин тарҳ дар мавриди Украина, дар солҳои 2026 ва 2027 ҳар сол 400 миллион доллар кӯмаки амниятӣ пешбинӣ шудааст.
Барои ҳавзаи Осиё ва Уқёнуси Ором низ таъмини комили буҷаи ҳамкории амниятӣ бо Тайван ба маблағи як миллиард доллар, эҷоди барномаи муштараки паҳподӣ миёни Пентагон ва Тайбэй ва ҳамчунин ҳифзи 28 ҳазору 500 нерӯи амрикоӣ дар Кореяи Ҷанубӣ дар назар гирифта шудааст.
Ин лоиҳа ҳамчунин коҳиши шумори нерӯҳои Амрико дар Аврупо ба камтар аз 76 ҳазор нафарро барои даврае беш аз 45 рӯз мамнӯъ мекунад.
Аз дигар муфоди он, лағви иҷозатномаҳои истифода аз нерӯи низомӣ марбут ба ҷангҳои соли 1991 ва 2002 дар Ироқ аст.
Дар ин тарҳ ҳамчунин як миллиард доллар низ барои амалиёти иддаоии муқобила бо қочоқи маводи мухаддир, аз ҷумла фаъолиятҳои дарёӣ, ихтисос ёфтааст.
Пас аз тасвиби ин лоиҳа дар Маҷлиси Намояндагон, лоиҳаи мавриди назар бояд дар Маҷлиси Сена баррасӣ ва тасвиб шавад ва сипас барои имзои ниҳоӣ ба раиси ҷумҳур ирсол гардад.
Your Comment