Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз Ал-Ҷазира, манбаъҳои хабарӣ аз даргирӣ миёни ҷавонони фаластинӣ ва низомиёни ишғолгар дар шаҳраки Ҷабаъ дар ҷануби Ҷанин дар Каронаи Бохтарӣ хабар доданд.
Ҳамчунин низомиёни режими саҳюнистӣ се ҷавонро дар шаҳраки Ақаба дар шимоли Тӯбос боздошт карданд.
Низомиёни режими саҳюнистӣ ба шаҳри Тӯбос ҳамла карданд.
Ҳамзамон манбаъҳои фаластинӣ аз даргирӣ миёни шаҳракнишинон ва фаластиниҳо дар рустои Ал-Рашойида дар Байт-Лаҳм дар Каронаи Бохтарӣ хабар доданд.
Ҳилоли Аҳмари Фаластин дар Тӯбос бегоҳии имрӯз чаҳоршанбе эълом кард, ки дар пайи ҳамла ва зарбу латти шадид тавассути унсурҳои ишғолгари исроилӣ, 10 нафар дар ин минтақа захмӣ шудаанд.
Your Comment