25 Август 2025 - 12:44
Source: ABNA
Саҳюнистҳо тахриби комили шаҳри Ғаззаро аз 3 меҳвар оғоз кардаанд

Як муассисаи ҳуқуқи башар эълом кард, ки режими саҳюнистӣ тахриби комили шаҳри Ғаззаро аз 3 меҳвар ба сурати ҳамзамон оғоз кардааст.

Ба гузориши хабаргузории ABNA ба нақл аз пойгоҳи хабарии Раша Тудӣ, Созмони Дидабони Ҳуқуқи Башари Урупо-Медитарона имрӯз душанбе дар баёнияе эълом кард, ки режими саҳюнистӣ амалан иҷрои тарҳи худро барои тахриби комили шаҳри Ғазза ва таҳмили салтаи низомии ғайриқонунии худ бар он оғоз кардааст. Ин баёния ишора кард, ки артиши режими саҳюнистӣ амалиёти густурдаи тахриб ва вайронсозии минтақаҳои маскунӣ дар ҷануб, шарқ ва шимоли шаҳрро дар як ҳамлаи ҳамзамон анҷом медиҳад, ки бо тахриби ҷомеъ ва маҳви систематик ба самти қалби шаҳр аз се меҳвар пеш меравад. Ин ҳамлаи низомии заминӣ пас аз он анҷом мешавад, ки артиши саҳюнистӣ расман оғози амалиёти "Аробаҳои Гидиун 2"-ро дар 20 августи эълом карда ва иҷрои "амалиётҳои муқаддимотӣ ва мароҳили аввалия"-и онро оғоз намудааст.

Ин муассисаи ҳуқуқи башарӣ хотирнишон кард, ки беш аз як миллион нафар имрӯз дар камтар аз 30% аз масоҳати шаҳр муҳосира шудаанд ва ҳамагӣ дар чаҳорчӯби ин тарҳ дар маърази хатари кӯчи иҷборӣ ба самти ҷануб қарор гирифтаанд, ки бо ҳадафи маҳви Ғазза ва таҳти салтаи тахриби систематик ва контроли комили низомӣ бар он анҷом мешавад. Вазорати кишвари Ғазза дирӯз якшанбе нисбат ба тарҳҳои Исроил бо ҳадафи кӯчонидани сокинони шаҳри Ғазза ва шимоли навори Ғазза ҳушдор дода буд ва аз шаҳрвандон ва оворагон хоста буд, ки ба талошҳои ирҳоб ва боҷхоҳии режими саҳюнистӣ посух надиҳанд ва ба маҳалли сукунати худ пойбанд бошанд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha