Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вокуниш ба тааррузу иқдоми таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба манотиқе аз Эрон, ки ба шаҳодати ҷамъе аз фармондеҳони олирутбаи неруҳои мусаллаҳ, донишмандони барҷаста ва шаҳрвандони бегуноҳи эронӣ бавижа кӯдакони мазлӯм анҷомид, аз шомгоҳи ҷумъа ҳамла ба самти сарзаминҳои ишғолиро оғоз карда ва поёни ин ҳамалот ҳануз эълом нашудааст. Дар ин матлаб аз Порс Тудей, нигоҳе ба марҳалаи дувуми ҳамлаи паҳподӣ - мушакии Эрон ба сарзаминҳои ишғолӣ андохта шудааст.
Ҳудуди соати 23:30 ба вақти Теҳрон
Равобит умумии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар иттилоияе эълом кард: Мавҷи ҷадиди амалиёти таҳоҷумии таркибии анбӯҳи мушакӣ - паҳподии “Ваъдаи содиқи 3” бо рамзи “ Ё Алӣ ибни Аби Толиб” дар шомгоҳи иди Ғадир тавассути ҳавофазои сипоҳи посдорон дар посух ба тааррузҳои муҷаддад режими саҳюнистӣ оғоз шуд.
Ҳудуди соати 24
Гузоришҳои аввалия нишон медиҳад, даҳҳо мӯшак ва паҳподи эронӣ бо муваффақият аз лояҳои мутааддиди падофандии режими саҳюнистӣ убӯр ва ба манотиқи мухталиф исобат карданд. Бархе гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки мӯшакҳои эронӣ ба Тел Авив, Натонё, Ҳертеслё, Ҳайфо, Тамара, Ушдуд ва Криот исобат кардаанд ва оташсӯзиҳои густардае рух додааст. Расонаҳои исроилӣ гузориш доданд, ки Эрон танҳо 40 мӯшак ба Ҳайфо шиллик кардааст.
Ҳудуди соати 00:15
Мӯшакҳои эронӣ ба яке аз ҳаётитарин зерсохтҳои энержии режими саҳюнистӣ, яъне полоишгоҳи Ҳайфо, ки таъминкунандаи 40٪ бензину 60٪ газоили ин режим аст, исобат карданд. Тасовири мунташиршуда аз расонаҳои исроилӣ, ҳокӣ аз исобати дақиқи мӯшакҳо ба ин таъсисоти калидӣ аст. Ҳамчунин, чандин фарванд мӯшаки нуқтазани эронӣ ба таъсисоти ҳаётии барқи режими саҳюнистӣ исобат карданд. Ин ҳамалот мунҷар ба ихтилоли густарда дар шабакаи тавзеъи барқи манотиқи марказии сарзаминҳои ишғолӣ шуда ва бахше аз зерсохтҳои ҳаётии ин режимро аз кор андохт.
Ҳудуди соати 1
Расонаҳои минтақаӣ гузориш доданд: «30 фарванд мӯшаки нуқтазани эронӣ имшаб Ҳайфаро ҳадаф қарор доданд. Полоишгоҳи Ҳайфо (маркази тавлиди бензини режими саҳюнистӣ), зерсохтҳои санъатӣ ва бандарӣ, чанд бурҷи маскӯнии 20 табақа ва нерӯгоҳи барқ аз аҳдофе буданд, ки Эрон онҳоро ҳадаф қарор дод.» Расонаҳои ибрӣ низ эълом карданд: «Дифои ҳавоӣ ғофилгир шуд; Кабина дар шоки амниятӣ ба сар мебарад.» Ин яке аз сангинтарин ҳамалоти мустақим ба умқи режими саҳюнистӣ аст. Рӯзномаи саҳюнистии «Маарив» навишт: «Мо ҳамакнӯн таҳти шадидтарин ҳамалоте ҳастем, ки дар таърихи Исроил рух дода; нахуствазир Натаняҳу куҷост?!»
Ҳудуди соати 2
Равобити умумии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар иттилоияи шумораи 2 эълом кард: «Дар истимрори амалиёти таҳоҷумӣ - таркибии “Ваъдаи содиқи 3” дар посух ба шароратҳо ва тааррузҳои имрӯзи режими саҳюнистӣ, таъсисоти тавлиди сӯхти ҷангандаҳо ва марокизи таъмини энержии режим бо анбӯҳе аз паҳподҳо ва мӯшакҳо мавриди ҳадаф қарор гирифт. Амалиёти таҳоҷумии неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сӯрати тадовуми шароратҳо ва тааррузот, саҳмгинтару густардатар идома хоҳад дошт.»
Ҳудӯди соати 3
Мавҷи сеюм аз марҳалаи дувуми «Ваъдаи содиқи 3» бо шиллики ҳамалоти мушакӣ ва паҳподии Эрон ба Фаластини ишғолӣ оғоз шуд ва расонаҳои исроилӣ гузориш доданд, ки инфиҷорҳои маҳибе Тел Авивро ларзонд. Расонаҳои исроилӣ гуфтаанд, ки Эрон дар ин мавҷи ҳамалоти худ 50 мӯшаки боллистик шиллик кардааст. Расонаҳои ибрӣ бо тамасхури изҳороти Натаняҳу мабнӣ бар инки «роҳи расидан ба Эрон акнӯн ҳамвор шудааст», мегӯянд: «Ба назар мерасад, роҳи расидан ба маркази Исроил низ акнӯн ҳамвор шудааст.»
Оё ҳамалоти Эрон ташдид хоҳад шуд?
Як мақоми амниятии баландпояи эронӣ дар гуфтугу бо шабакаи Алҷазира эълом кард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон худро барои як рӯёрӯии тӯлонимуддат омода карда ва дар сӯрати тадовуми таҷовузот, сатҳи ҳамалоти худро афзоиш хоҳад дод. Ин мақом, ки ба моҳияту мақомаш ишора нашуда, дар идома афзуд: Теҳрон оғозгари ҷанги набуда, аммо ин мо ҳастем, ки замони поёни ин таҷовузро мушаххас хоҳем кард. Ин мақоми эронӣ таъкид кард, ки натиҷаи ҷанге, ки Бинямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ, ба роҳ андохта, чизе камтар аз поёни давлат ва низоми сиёсии ӯ нахоҳад буд. Вай идома дод, мо аз миллат ва кишвари худ дар баробари ваҳшигарии Исроил дифо мекунем ва ин масирро идома хоҳем дод.
Your Comment