Ба гузориши Порс-Тудей, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ рӯзи душанбе дар дидори оқои Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон ва ҳайати ҳамроҳ, бо ишора ба ҷойгоҳи вижаи Покистон дар маҷмӯаи дунёи Ислом, бар лузуми фаъолиятҳои муштарак ва таъсиргузори Эрону Покистон барои мутаваққиф кардани ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза таъкид карданд.
Раҳбари инқилоб дар ибтидои ин дидор бо ибрози хурсандӣ аз поёни ҷанг миёни Покистону Ҳинд ва ибрози умедворӣ барои ҳаллу фасли ихтилофоти ду кишвар, ба мавзеи бисёр хубу қавии Покистон дар қазияи Фаластин дар тӯли солҳои гузашта ишора карданду гуфтанд: Дар ҳоле ки дар солҳои ахир ҳамвора васвасаҳое барои иртиботи кишварҳои исломӣ бо режими саҳюнистӣ вуҷуд дошта, аммо Покистон ҳеҷгоҳ таҳти таъсири ин васвасаҳо қарор нагирифтааст.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба зарфиятҳои фаровони уммати исломӣ барои иқтидори бештар дар дунёи имрӯз афзуданд: Дар шароите ки ҷангталабон дар дунё ангезаҳои зиёде барои эҷоди ихтилофу ҷанг доранд, танҳо чизе ки метавонад амнияти уммати исломиро таъмин кунад, иттиҳод миёни кишварҳои исломӣ ва иртиқои иртибот миёни ин кишварҳо аст.
Эшон масъалаи Фаластинро масъалаи аввали дунёи Ислом хонданд ва бо ишора ба шароити асафбори Ғазза хотирнишон карданд: Вазъияти Ғазза ба ҷое расида, ки мардуми оддӣ дар Аврупову Амрико бо барпоии тазоҳурот ба давлатҳои худ эътироз мекунанд, аммо дар ҳамин шароит мутаасифона бархе давлатҳои исломӣ дар канори режими саҳюнистӣ меистанд.
Раҳбари инқилоби исломӣ бо таъкид бар инки Ҷумҳурии исломии Эрон ва Покистон бо ҳамкории якдигар метавонанд дар дунёи Ислом таъсиргузор бошанд ва мавзӯи Фаластинро аз ин масири ғалат хориҷ кунанд, гуфтанд: Мо ба ояндаи дунёи Ислом хушбин ҳастем ва бисёре аз ҳаводис хушбинии моро таъйид мекунад.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин равобити ду кишвари Эрону Покистонро ҳамвора гарму бародарона донистанд ва бо ишора ба мавозеи хуби Покистон дар тӯли ҷанги таҳмилӣ ба унвони як намуна аз ин равобити бародарона, ҳамкориҳои кунунии ду кишвар дар абъоди мухталифро пойинтар аз сатҳи мутаваққеъ арзёбӣ карданду афзуданд: Ду кишвар дар бисёре аз арсаҳо метавонанд ба якдигар кумак кунанд ва умедворем ин сафар ба густариши ҳамаҷонибаи иртиботот дар заминаҳои мухталиф, ба вижа иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ кумак кунад.
Раҳбари инқилоб ҳамчунин лузуми ҳамкории Эрону Покистон барои фаъолтар шудани созмони ЭКО-ро мавриди таъкид қарор доданд.
Дар ин дидор, ки оқои Пизишкиён, раисиҷумҳур низ ҳузур дошт, оқои Шаҳбоз Шариф зимни ибрози хурсандии фаровон аз дидор бо Раҳбари инқилоб, аз нақши мусбати Ҷумҳурии исломии Эрон барои фурӯ нишондани буҳрони пешомада миёни Покистону Ҳинд қадрдонӣ кард ва зимни баёни таҳаввулоти марбут ба даргириҳои ахир, ба мавзӯи Ғазза ишора карду гуфт: Мутаасифона, ҷомеаи байналмилалӣ ҳеҷ иқдоми муассире барои поён додан ба фоҷеаи Ғазза анҷом намедиҳад.
Нахуствазири Покистон ҳамчунин бо ишора ба музокироти хубу созандаи худ дар Теҳрон ибрози умедворӣ кард, ин сафар заминаи густариши беш аз пеши равобити ду кишварро фароҳам кунад.
342/
Your Comment