Ба гузориши хабаргузории Абна ба нақл аз Ал-Масира, Ҳамос эълон кард, ки бо намояндаи Амрико дар мавриди чаҳорчӯбаи куллӣ барои оташбаси доимӣ ва хуруҷи низомиёни режими саҳюнистӣ дар Ғазза ба тавофуқ расидааст.
Ҳамос дар баёнияе эълон кард: “Ҳамос таъкид мекунад, ки талошҳои зиёде барои тавқифи ҷанги ваҳшиёна алайҳи Навори Ғазза анҷом медиҳад ва ахиран бо Стив Виткоф, намояндаи Иёлоти Муттаҳида, дар бораи як чаҳорчӯбаи куллӣ, ки ба оташбаси доимӣ, хуруҷи комили низомиёни саҳюнист аз Навори Ғазза, воридоти кӯмакҳо ба ин минтақа ва ташкили як кумитаи касбӣ барои контроли умури Навори Ғазза фавран пас аз эълони тавофуқ мунҷар мешавад, ба тавофуқ расидааст.”
Дар ин баёния омадааст: “Ин тавофуқ шомили озодии 10 асири саҳюнист ва таҳвили аҷсоди теъдоде аз асирони кушташуда дар ивази озодии теъдоди мувофиқатшуда аз асирони фаластинӣ аст, ки аз сӯи миёнҷигарон кафолат шудааст. Ин ҷунбиш мунтазири посухи ниҳоӣ ба ин тавофуқи куллӣ аст.”
342/
Your Comment