27 Май 2025 - 23:41
Source: Parstoday
Ахбор | Бақоӣ: Эрон аз ғанисозӣ чашмпӯшӣ нахоҳад кард/ Фарохони 800 шахсияти британияӣ барои таҳрими Исроил

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар мусоҳиба бо шабакаи CNN таъкид кард, ки Эрон таҳти ҳеҷ шароите аз ғанисозии уран чашмпӯшӣ нахоҳад кард.

Исмоили Бақоӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар мусоҳиба бо шабакаи CNN таъкид кард, ки Эрон таҳти ҳеҷ шароите аз ғанисозии уран чашмпӯшӣ нахоҳад кард.

Ба гузориши Порс-Тудей, Бақоӣ афзуд, агар ҳадаф тазмини ғайринизомӣ будани барномаи ҳастаии Эрон бошад, ин амр қобили иҷро аст, аммо агар манзур маҳрум кардани Эрон аз ҳуқуқи қонуниаш дар ҳавзаи энержии сулҳомези ҳастаӣ бошад, чолишҳои ҷиддӣ ба вуҷуд хоҳад омад.

Лубнон| Булдозерҳои исроилӣ дар марзи Лубнон

Воҳиди пиёданизоми артиши Исроил дар идомаи нақзи ошкори ҳокимияти миллии Лубнон, аз марзҳои ҷанубии ин кишвар убур карда ва дар минтақаи шарқии шаҳраки марзии Мис Алҷабал пешравӣ кардааст. Булдозерҳои низомии Исроил низ дар наздикии Саёҷ Алтақани мустақар шудаву омодаи вуруд ба он минтақа ҳастанд.

Аврупо| Фарохони 800 шахсияти британияӣ: Таҳрими Исроил ба далели ҷиноёт дар Ғазза

Беш аз 800 вакил, устоди донишгоҳ ва қозии бознишаста дар Британия бо ирсоли номае ба Кир Стармер, нахуствазири ин кишвар, хостори иқдом алайҳи ҷиноёти Исроил дар Ғазза шуданд. Ин гуруҳ аз Стармер хостаанд то бо амал ба тааҳҳудоти ҳуқуқи байналмилал, таҳримҳоеро алайҳи режими саҳюнистӣ эъмол кунад.

Ғазза| Идомаи бомбаборони Ғазза: Шаҳодати 90 фаластинӣ дар 24 соат

Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ дар идомаи ҳамалоти худ ба Ғазза, минтақаи Алқарора, дар шаҳри Хон Юнус ва Ашшуҷоия дар шарқи Ғаззаро бомбаборон карданд. Дар ҷараёни ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба минтақаи Алкарома, дар шимоли ғарби Ғазза шуморӣ аз фаластиниён захмӣ шуданд. Манобеи хабарӣ гузориш доданд, ки 90 шаҳрванди фаластинӣ тайи 24 соат дар манотиқи мухталифи Ғазза ба шаҳодат расиданд.

Амрикои Ҷанубӣ| Перу таҳқиқоти ҷиноӣ алайҳи режими саҳюнистиро оғоз кард

Кишвари Перу расман таҳқиқоте ҷиноиро алайҳи як низомии режими саҳюнистӣ ба иттиҳоми иртикоби ҷиноёти ҷангӣ, ҷиноят алайҳи башарият ва эъмоли наслкушӣ дар борикаи Ғазза оғоз кардааст. «Бунёди Ҳинд Раҷаб» (HRF), ки пайгири ин шикоят будааст, ин иқдомро гоме таърихӣ дар масири адолати байналмилалӣ тавсиф кардааст.

Африқо| Ифшои дурӯғгӯии Доналд Трамп

Раиси полиси Африқои Ҷанубӣ бо ифшои дурӯғгӯии Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар бораи қатли кишоварзони сафедпӯст дар Африқои Ҷанубӣ, бо эъломи омори қатлу ҷиноят дар Африқои Ҷанубӣ гуфт: Дар семоҳаи аввали соли ҷории мелодӣ дар маҷмӯъ 6 маврид қатли муртабит бо мавзӯи замин дар Африқои Ҷанубӣ рӯй дода, ки панҷ тан аз кушташудагон сиёҳпӯст будаанд.

Синзу Амкону гуфт: Мо маъмулан ба масоили нажодӣ барои эъломи омори қатлу ҷиноят ишора намекунем, аммо ба иллати ончӣ дар Амрико шоҳид будем, лозим аст, ки ранги пӯсти афродро дар мавриди омори қатли муртабит бо заминҳои кишоварзӣ зикр кунем.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha