Ба гузориши хабаргузории Абна ба нақл аз Алҷазира, Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина гуфт: "Мо бо Олмон ва Аврупо дар ростои тақвияти фурсатҳои сулҳ ва тавқифи ҷанг бо Русия ҳаракат мекунем."
Вай афзуд: "Русия бояд куштани ғайринизомиёнро қатъ кунад. Таҳримҳо алайҳи он бояд шиддат ёбад ва Олмон ба мо дар ин масир ёрӣ мерасонад."
Зеленский гуфт: "Мо ба ҳамкории низомӣ бо кишварҳои аврупоӣ ва Амрико барои мувоҷеҳа бо шароити ҷанг ниёз дорем."
Гуфтанист, ки дафтари раиси ҷумҳури Украина эълон кард, ки Владимир Зеленский рӯзи чоршанбе барои гуфтугӯ бо Фридрих Мертс, сарвазири Олмон, вориди Берлин шудааст. Ин сафар қисмате аз талошҳои дипломатикӣ барои поён додан ба ҷанги Украина аст.
342/
Your Comment