Чаҳорумин ва охирин марҳила аз интихоботи шаҳрдориҳо ва шӯроҳои маҳаллии Лубнон дар вилоятҳои ҷануб ва Набатия рӯзи шанбе 24 маи 2025 баргузор шуд . Феҳристҳои интихоботӣ « Тавсеаъа ва вафодорӣ » вобаста ба ҷунбиши Амал ва Ҳизбуллоҳ дар интихоботи ҷануби Лубнон ба пирӯзии қотеъ даст ёфтанд ва дар шаҳрҳо ва рӯстоҳои мухталифе пештоз шуданд .Ба гузориши Порстудей ба нақл аз шабакаи Алъолам, Носир Носириддин , коршиноси лубнонӣ гуфт : Пирӯзии Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ин интихобот нишон дод, ки маҳбӯбияти ин ҳизб бо вуҷуди таблиғоте, ки алайҳи он эҷод шуд , ҳамчунон бисёр зиёд аст . Ин интихобот ҳамчунин нишондиҳандаи таркиби ояндаи порлумони Лубнон аст ва дар ташкили ҳукӯмат ва ҳайати вазирон таъсир дорад ва гузинаи муқовимати Ҳизбуллоҳ ва ҳизби Амал дар баробари Исроилро тақвият хоҳад кард .
Носириддин афзуд : Дар ҷараёни интихоботи шаҳрдориҳо дар Лубнон бисёре аз сафоратхонаҳо аз ҷумла Амрико талош карданд, то бо ҳимояти худ аз бархе номзадҳо алайҳи Ҳизбуллоҳ иқдоме анҷом диҳанд ва натиҷаҳоро ба нафъи худ рақам бизананд , аммо натиҷаи сандӯқи оро(овозҳо) , бархилофи талоши ҷараёни зидди Ҳизбуллоҳ буд .Вай таъкид кард : Замоне, ки амалиёти пиҷерҳо алайҳи Ҳизбуллоҳ сурат гирифт ва Сайидҳасан Насруллоҳ ва бархе фармондеҳони баландпояи Ҳизбуллоҳ террор шуданд ва сипас таҷовузоти Исроил ба Лубнон афзоиш ёфт , эҳсосоти бисёре ҷариҳадор(осебдор) шуд . Интихоби шайх Наим Қосим ба унвони дабири кулли Ҳизбуллоҳ нишон дод, ки омодагии Ҳизбуллоҳ ҳамчунон дар авҷ қарор дорад . Ин интихоб нишон дод, ки Ҳизбуллоҳ ҳеч гоҳ вобаста ба ашхос нест . Ҳизбуллоҳ хеле зуд худро бозсозӣ кард ва тавонист ба таҷовузоти режими саҳюнистӣ дар ҷануби Лубнон посух диҳад ва қудрати худро ба намоиш гузошт .Вай ҳамчунин ҳамоҳангии миёни мусалмонон ва масеҳиён дар интихоботи ахири Лубнонро натиҷаи иқдомоти муваффақиятомези солҳои гузаштаи Ҳизбуллоҳ донист ва афзуд : Ин ҳизб замоне, ки бо тундравҳо дар Сурия рубару шуд , аз рӯстоҳои масеҳинишин дар баробари гуруҳҳои террористӣ ҳимоят кард ва ҳамин тавр рӯстоҳои масеҳӣ дар Лубнон вуҷӯд дорад, ки Ҳизбуллоҳ бе мудохила дар умӯри дохилии онҳо , аз сокинони он пуштибонӣ кард . Ҷомеъаи масеҳӣ бо дидани ин иқдомот , равобити худро бо Ҳизбуллоҳ тақвият кард ва боварии зиёде ба неруҳои Ҳизбуллоҳ дар миёни масеҳиёни Лубнон вуҷӯд дорад .
Ин коршиноси лубнонӣ таъкид кард : Мардуми Лубнон бавижа мардуми ҷануби ин кишвар ҳамвора таъкид доранд, ки амрикоиҳо ҳеч гоҳ қобили боварӣ нестанд . Ин дар ҳоле аст, ки Амрико давлату миллати Лубнонро ба риояти ҳуқуқи байналмилалӣ даъват мекунад , аммо коре барои ҷилавгирӣ аз таҷовузоти режими саҳюнистӣ анҷом намедиҳад ва таҷовузоти ахир нишон дод, ки Исроил таҳти ҳимояти шадиди Амрико қарор дорад ва дунболи замону баҳона барои ҳамла ба Лубнон аст . Давлати Лубнон бояд ба бозигарони байналмилалӣ ва Созмони Милал ҳам муроҷиат кунад, то монеъи идомаи таҷовузоти режими саҳюнистӣ ба ҷануби Лубнон шавад .
Ин таҳлилгари сиёсӣ афзуд : 25 сол аз пирӯзии Ҳизбуллоҳ бар Исроил дар ҷануби Лубнон мегузарад . Соли 2000 соли озодсозии ҷануби Лубнон буд, баъд аз 18 соли ишғоли Лубнон , артиши режими саҳюнистии таҳти зарбаҳои муқовимат як ақибнишинии залилгӯна дошт . Дар 25 соли пас аз ин озодӣ артиши режими саҳюнистӣ ҳамлаҳои густардае алайҳи Ҳизбуллоҳ тартиб дода ва муқовимати Ҳизбуллоҳ ҳамвора дар камини ишғолгарон буда ва борҳо танкҳои ононро нобуд карда ва зарарҳои зиёде ба онҳо ворид кардааст . Пирӯзии Ҳизбуллоҳ дар интихобот ва бузургдошти иди бузурги муқовимату озодии ҷануби Лубнон , ду муносибати бузург ҳастанд ва мардуми Лубнон бавижа мардуми ҷануб таъкид карданд, ки ҳамвора ҳомии муқовиматанд ва муқовиматро дунбол мекунанд, то битавонанд ба ишғолгарӣ поён диҳанд .
Ба гуфтаи вай лубнониҳо бар асоси сухану шиори шаҳид Сайидиҳасан Насруллоҳ муқовиматро идома хоҳанд дод , силоҳи муқовимат ҳамвора дар баробари таҷовузи режими саҳюнистӣ бояд вуҷӯд дошта бошад ва силоҳи Ҳизбуллоҳ дар ҳар замон дар канори артиши Лубнон қарор хоҳад дошт.
342/
Your Comment