20 Май 2025 - 23:02
Source: Parstoday
Вашингтон: Путин роҳи хуруҷ аз ҷангро намедонад/ Путин: Омодаи кор бар рӯи паймони сулҳ бо Украина ҳастем

Туднй. Муовини раисиҷумҳури Амрико гуфт, ки раисиҷумҳури Русия ба хубӣ роҳи хуруҷ аз ҷангро намедонад.

Владимир Путин ва Доналд Трамп, раисони ҷумҳурии Амрико ва Русия, асри душанбе ба муддати беш аз 2 соат ба сурати телефонӣ бо якдигар гуфтугӯ карданд.

Идомаи ин гуфтугӯҳо дар ҳолест, ки музокирот дар бораи ҷанги Украина ва Русия то кунун ба натиҷае нарасидааст. Ба гузориши Порс-Тудей, ба нақл аз Ирна, Ҷей ди Вэнс,  муовини раисиҷумҳури Амрико рӯзи душанбе, пеш аз тамоси телефонии руасои ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ва Русия гуфт, ки ба назар мерасад Путин ба хубӣ намедонад чӣ гуна аз ҷанги Украина хориҷ шавад.

Вай афзуд, агар Русия моил ба таомул нест, дар ниҳоят Амрико бояд эълом кунад, ки ин ҷанги мо нест.

Трамп: Раҳбари Русия хоҳони сулҳ бо Украина аст

Дар ҳамин ҳол Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико низ рӯзи душанбе, пас аз тамоси телефонӣ бо Путин гуфт, ки муътақид аст раҳбари Русия хоҳони сулҳ бо Украина аст. Вай таъкид кард, ки таҳримҳои бештаре алайҳи Русия ҷорӣ нахоҳад кард. Чун эҳтимоли пешрафт ҳаст.

Трамп афзуд: “Фикр мекунам шонси (эҳтимол) расидан ба натиҷа вуҷуд дорад ва агар бихоҳед дар ин масир иқдоме кунед, мумкин аст авзоъро бисёр бадтар ҳам бикунед. Аммо мумкин аст, замоне фаро бирасад, ки ин иттифоқ (эъмоли таҳримҳо) биафтад.

Путин: Омодаи кор бар рӯи паймони сулҳ бо Украина ҳастем

Раиси ҷумҳури Русия ҳам дар бораи тамоси телефонии рӯзи душанбе бо ҳамтои амрикоии худ гуфт: Маскав омодааст то бо Украина рӯи ёддошти тафоҳуме дар мавриди паймони сулҳи ояндаи ҳамкорӣ кунад, ки метавонад шомили масоили марбут ба оташбасу усули ҳалли муноқиша бошад.

Ба эътиқоди Путин, усули ҳаллу фасли муноқишаи Украина, замонбандии тавофуқи сулҳи эҳтимолӣ ва оташбаси эҳтимолӣ барои як давраи мушаххас дар сурати дастёбӣ ба тавофуқ, намунае аз ин масоил аст. Раиси ҷумҳури Русия таъкид кард: Дар ин росто, тарафҳои русӣ ва украинӣ бояд ҳаддиаксари тамоюли худро барои сулҳ нишон диҳанд ва ба мусолиҳае бирасанд, ки ба нафъи ҳамаи тарафҳо бошад.

Зеленский: Аз ҷузъиёти ёддошти тафоҳум бехабарам

Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина низ рӯзи душанбе гуфт, ки аз ҷузъиёти «ёддошти тафоҳум»-и Русия дар бораи нақшаи роҳи сулҳ иттилое надорад, аммо моил аст пешниҳодҳои Маскав дар ин бораро баррасӣ кунад. Зеленский афзуд: Ҳар вақт ёддошт ё пешниҳодҳои русҳоро дарёфт кардем, метавонем дидгоҳҳои худро мутобиқи он дастабандӣ кунем. Зеленский эълом кард, ки пеш аз тамоси Трамп ва Путин гуфтугӯи телефонӣ бо раисиҷумҳури Амрико дошт ва ба вай гуфтааст: «Бидуни мо» дар мавриди Украина тасмимгирӣ накунад, зеро масоили усулӣ вуҷуд дорад, ки барои Киев бисёр муҳим аст. Раисиҷумҳури Украина ҳамчунин дар посух ба пурсиши хабарнигорон мабнӣ бар ин ки оё хостаи Русия барои ақибнишинӣ аз чаҳор минтақаи Херсон, Донетск, Луганс ва Зопороже пазирад ё хайр, гуфт: Мо нерӯҳоямонро аз қаламрави худ хориҷ намекунем.

Пескоф: Матни ёддошти тафоҳуми сулҳу оташбас печида хоҳад буд

Дар ҳамин робита Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл низ рӯзи душанбе гуфт, ки таҳияи матни ёддошти тафоҳуми сулҳу оташбас миёни Русия ва Украина печида хоҳад буд ва наметавон зарбулаҷале барои он таъйин кард. Вай афзуд, пеш нависин санад тавассути ҳар ду тарафи русу украинӣ таҳия хоҳад шуд ва тарафайн онро мубодила мекунанд ва сипас тамосҳои печида барои таҳияи матни воҳид анҷом хоҳад шуд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha